Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тибқи иттилои муҳаққиқи амрикоӣ Ф. Старр, пирӯзии Маъмун ва Тоҳир на танҳо боиси тағйирот дар пойтахти хилофат, балки алахусус дар қисми шарқии он низ гардид: «аввалан, Маъмун марзи Хуросонро тавассути ба он ҳамроҳ кардани қариб тамоми Осиёи Марказӣ, ба ҷуз кишвари шимолии дашту биёбонҳо ва Синсзян васеъ кард. Ӯ андеша мекард, ки шаҳрҳои асосӣ, мисли Самарқанду Бухороро дар зери назорати дигарон мондан хуб нахоҳад буд, зеро ҳар ҳодисае, ки дар Марв ва Нишопур рух медиҳад, ба тамоми минтақа таъсир мерасонад ва баръакс. Аз ҳамин сабаб ӯ як воҳиди бузургеро таъсис дод, ки тамоми Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт ва аз тарафи як ҳоким, то ба дашту биёбонҳои шимолӣ ва бар тарафи шарқ, то ба водии Фарғона тӯл мекашид, идора карда мешуд. Дуюм, ӯ Марв ва баъдан Нишопурро пойтахти ин музофоти нав ё беҳтараш, як давлати нав- Осиёи Марказӣ муайян кард. Сеюм, назоратро аз болои ин «давлат дар дохили давлат» ба роҳбари абарқудрат ва самаранок, ки ӯро пешвоёни маҳаллӣ хоҳанд пазируфт – Тоҳир ибни Ҳусайн, сарфармондеҳи қӯшунҳо, ки пеш аз ҳама Маъмунро ба сари қудрат оварда буд, таъйин кард. Ниҳоят, азбаски Тоҳир ҳамчун ҳокими Хуросон, дуюмин абарқудраттарин шахс дар тамоми хилофат хоҳад шуд, Маъмун бояд ба ӯ ҳокимияти воқеӣ диҳад ва ӯ ин корро амалан анҷом дод».
Пас аз ҳамроҳ шудани халифа Маъмун Тоҳир волии Байнаннаҳрайн, фармондеҳи низомии пойтахт (Бағдод) ва сардори хадамоти андоз дар Савад (Ироқ) таъин шуд. Соли 821 ӯ волии яке аз музофотҳои асосии хилофат – Хуросон таъин шуд. Пас аз 1 сол, тирамоҳи соли (822) ӯ пас аз он, ки ҳангоми хондани намоз (хутба) номи халифа Маъмунро нахонд, ногаҳон вафот кард. Аз ин рӯ, гумон ба миён омад, ки халифа аз амали мустақилонаи ӯ хашмгин шуда, амр додааст, ки пинҳонӣ ӯро заҳр диҳанд. Бо вуҷуди ин, халифа писари ӯ Талҳаро ба ин вазифаи калидӣ таъин кард, ки ӯ

пешина
аз 335
навбатӣ