Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бародари хурдии худ Маъмун ба фоидаи писараш Мӯсо шикаста буд, мубориза мебурд. Пештар, воли Маъмун бозгашти артиши бағдодии халифаро бо сарварии Ҳарсама, ки бар зидди шӯриши Рофеъ ибни Лайс равона шуда буд, ба итоати худ гирифта буд. Бар зидди ҳокими саркаш (додараш), халифа лашкари зиёд (50 ҳазор нафара)ро фиристод. Дар сари ин лашкари калон Алӣ ибни Исо ибни Маҳан аз оилаи ҳокимони собиқи Хуросон буд, ки ният дошт бародари халифаро занҷир баста, ба Бағдод фиристонад ва бо ин васила роҳро барои ба даст овардани ҳокимият дар ин минтақаи бойи хилофат кушояд.
Тибқи иттилои «Таърихи Кембриҷи Эрон», бар асоси хабарҳои маъхазҳои асримиёнагӣ, Тоҳир, ки фармондеҳии артиши хурди ҳокимро ба ӯҳда гирифт, на танҳо қудрати ҷисмонӣ (бо шамшер бо дасти чапи худ дошта метавон як нафарро ду тақсим кардан) дошт, балки инчунин маҳорати ҷойгиркунии қӯшунҳо дар майдони ҷанг ва истифодаи моҳиронаи маълумотҳои фаврӣ ва зеҳни ҳарбӣ дошт. Ин сифатҳо ба ӯ имконият доданд, ки бар лашкари халифа Амин бо роҳбарии фармондеҳи машҳур Алӣ ибни Исо ибни Маҳан, аз оилаи нафратангези ҳокимони дар Хуросон буда, ғолиб барояд. Ғалабаи Тоҳир инчунин маънои ғалабаи Хуросон бар Ироқи нафратангезро дошт, ки қабилаҳои он дар тӯли зиёда аз якуним аср сарзамини тоҷикон – Хуросон ва Варорӯдро ғорат мекарданд.
Ба тахт нишастани писари дигари Ҳорун ар- Рашид, халифа Маъмун, хуросонӣ аз тарафи модарӣ, низ мавқеи хуросониёнро боз тақвият бахшид. Аммо, дертар халифаи нав Тоҳирро ба куштори бародари худ айбдор кард, зеро сарбозони Хуросониаш халифа Аминро, ки дар Бағдод асир афтода буд, кушта буданд.

пешина
аз 335
навбатӣ