Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

бештар дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равия Арасту буд. Аз асри XIX, аз замоне ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавию таърихӣ (В.Гумболт, Ф.Бопп, Я.Гримм ва диг.) ва мактаби ҷавонграмматикҳо (К.Бругман, Б.Делбрюк ва диг.) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти З. сар мешавад. А.Шлейхер забонро ба исмҳои табиӣ ва қонунҳои дохилии онро ба қонунҳои табиат нисбат медод, вале Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ – психологӣ» медонист. И.А.Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумбалдтро дар бораи «шакли забонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асоси бештари равияҳои структурализм қарор гирифт. Дар ибтидои асри ХХ равияҳои гуногун, амсоли географияи лингвистӣ, баъдтар неолингвистика, мактаби эстетикӣ, назарияҳои атомистӣ, мактаби формалӣ (Ф.Ф.Фортунантов ва диг.), равияи сотсиологӣ (А.Мейе ва диг.) нақши намоён бозидаанд. Баъди таълифи «Курси забоншиносии умумӣ»-и Ф. де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структурализм, амсоли мактаби забоншиносии Прага, ки назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, забоншиносии дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии математикӣ ва ғ.
Ба вуҷуд омаданд. Дар забоншиносии шўравӣ равияи ҷавонграмматикҳо (А.А.Шахматов ва диг.) ва мактаби И.А.Бодуэн де Куртенэ (Л.В.Щерба, Е.Д.Поливанов ва диг.) нақши асосӣ бозидаанд.
Зада. Дар зери мафҳуми зада тавассути воситаҳои фонетикӣ (тавлидию акустикӣ) фарқ карда шудани яке аз ҳиҷоҳои калимаро мефаҳманд. Ин воситаҳо инҳоянд: а) вақте, ки дар тавлиди овозҳои ҳиҷо сарф мешавад (тамдиди овозҳо); б) суръати ҳаракати узвҳои овозсоз (ё лаҳннокӣ); в) қувваи ҳаракати узвҳои овозсоз (ё интенсивӣ); г) шаклу ҳаҷми резонаторҳо ҳангоми овозсозӣ (ё танин). Мавҷудияти ин ё он навъи зада дар забонҳо низ тавассути ҳамин воситаҳо муайян карда мешавад.
Ҳамин тавр, 4 хели задаи калимаро фарқ мекунанд: миқдорӣ, лаҳнӣ, қуввагӣ ва сифатӣ. Воситаи асосии ташаккулу ҷудо кардани ҳиҷои заданоки забони тоҷикӣ лаҳн аст, зеро ҳиҷои заданок нисбат ба ҳиҷоҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё