Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нисбат ба задаи асосӣ суст дар калимаҳои мураккаби аз ду ё зиёда реша сохташуда мушоҳида мешавад: кинокартина, áвтовéломотогӯнка. 4. Задаи мантиқӣ. Бо мақсади пурзўр кардани ифодаи маъно ва таъкид махсус баландтар талаффуз кардани ин ё он калимаи ҷумла: Ман китобро мехонам (на каси дигар). Ман китобро мехонам (маҳз китобро мехонам).
5. Задаи мелодикӣ (оҳангӣ). Вобаста ба оҳанг, лаҳн, ки хоси мусиқист. 6.
Задаи ноустувор. Дар як калима метавонад аз як ҳиҷо ба ҳиҷои дигар гузарад. Чунин зада бештар дар забони русӣ мушоҳида мешавад. 7. Задаи озод. Задае, ки ҷои доимӣ ва муқаррарӣ надорад, ки хоси забони русист.
Задаи эмфатикӣ (таъкидӣ). Фраза дар гуфтори маъмулӣ (ғайриэмотсионалӣ) дорои задаи худ мебошад, ки он вобаста ба навъи мухобиротии ҷумла ва маркази маъноию оҳангӣ дар сохтмони фраза (ҷумла) ҷой мегирад. Масалан, дар ҷумлаи Намоишнома ба мо писанд омад задаи фраза дар ҳиҷои заданоки калимаи писанд омадааст, ки он ҳамзамон маркази маъноию оҳангии ин фраза мебошад. Гоҳо вобаста ба муҳити нутқ ва контекст гўянда мехоҳад таваҷҷўҳи шунавандаро ба яке аз калимаҳои аз ҷиҳати муҳити нутқ муҳим ҷалб намояд. Вай бо ин мақсад ин ё он калимаро нисбат ба калимаҳои дигари ҳамин фраза барҷастатару равшантар талаффуз мекунад. масалан, ҳамаи калимаҳои мустақил маънои ҷумлаи зер метавонад бо чунин зада, яъне задаи таъкид ё эмфатикӣ талаффуз шаванд: Маърўзаи ўро мешунавем. Маърўзаи ўро мешунавем. Маърўзаи ўро мешунавем. Задаи таъкид задае мебошад, ки тавасути он калимаи барои ин ё он лаҳзаи нутқ аз ҷиҳати маъно муҳим аз калимаҳои дигар ҷудо карда мешавад.
Замир а. грам. ҷонишин.
Замма а. дар алифбои арабии тоҷикӣ аломати ҳаракати болоист ﹹ, ки садоноки у-ро ифода меунад.
Замма а. ضمه дар алифбои арабии тоҷикӣ аломати ҳаракати болоист ﹹ, ки садоноки у-ро ифода мекунад.
Замматайн а. ду замма, ки ду ҳарфи авали калимаро бо садоноки у мехонанд, мас., дуруст.

пешина
аз 389
навбатӣ