Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вай хонда будааст. Онҳо хонда будаанд.
Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи дури феъли ёридиҳандаи истодан сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:
Танҳо Ҷамъ
1 Ман хонда истода будам. Мо хонда истода будем.
2 Ту хонда истода будӣ. Шумо хонда истода будед.
Вай хонда истода буд. Онҳо хонда истода буданд.
Замони гузаштаи дури давомдори (муайяни) нақлӣ аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва феъли ёридиҳандаи истодан дар шакли гузаштаи дури нақлӣ сохта мешавад.
Зооним – навъи топонимҳо. Номи ҳайвон, аз ҷумла ҳайвоноти хонагӣ ва машқӣ (саг – Мухтор, Хайбар, Алопар, Жулбарс; асп – Рахш, Мушкинамўй; гов – Говмеш, Мишка, Гови Ало ва монанди инҳоро ифода мекунад. Ин истилоҳ юнонӣ буда, аз ҷузъҳои zoo – ҳайвон ва onim – ном таркиб ёфтааст.
Зулмаънийин. Калимае, ки ду маънии мухталиф дорад. Мисол, калимаи бут дар байти зерини Саъдӣ:
Талаб карда хубони Чину Чигил,
Чу Саъдӣ вафо аз бути сангдил.

пешина
аз 389
навбатӣ