Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Танҳо Ҷамъ
1 Ман мехонам. Мо мехонем.
2 Ту мехонӣ. Шумо мехонед.
3 Вай мехонад. Онҳо мехонанд.
Замони ояндаи феъл. Дар забони тоҷикӣ чанд шакли феълие мавҷуд аст, ки бевосита ё вобаста ба матн замони ояндаро ифода мекунад, аз ҷумла: Феъли фармоиш, ки фақат шахси дуюми танҳову ҷамъ дорад.
Шахси танҳои он асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: хон-хонед, гўй-гўед, паз-пазед. Ин шакли феъл бо пешванди би- низ омада (бирав, бихон), шакли танҳои он гоҳо дар назм бо пешванди ме- меояд (мерав, мехон, мебош).
Мебош табиби Исавивуш,
Аммо на табиби одамикуш (Низомӣ).
Феъли фармоиш низ замони ояндаро ифода мекунад ва фақат шахси дуюми танҳою ҷамъ дорад. Шахси танҳои феъли фармоиш асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: хон-хонед, рав-равед.
Замони ояндаи дур аз асоси замони ҳозираи феъли ёридиҳандаи хостан (хоҳ) ва шакли масдари мухтасари феъли асосӣ, ки ба асоси замони гузашта баробар аст.
Замони гузаштаи дур аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ бо иловаи шакли замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи будан сохта шуда, тасрифи он ба тариқи зайл аст:
Танҳо Ҷамъ
1 Ман хонда будам. Мо хонда будем.
2 Ту хонда будӣ. Шумо хонда будед.
3 Вай хонда буд. Онҳо хонда буданд.
Замони гузаштаи дури нақлӣ аз феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта) бо пасванди -а (хонда) ва шакли феъли будан сохта мешавад:
Танҳо Ҷамъ
Ман хонда будаам. Мо хонда будаем.
Ту хонда будаӣ. Шумо хонда будаед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ