Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

исм, сифат, худи ҷонишин, сифати феълӣ ва зарф меояд. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ бештар ҷонишинҳои предметӣ меоянд. Ҷонишинҳои предметии шахсӣ, таъинӣ, номуайянӣ, ишоратӣ, саволӣ, манфӣ бо ёрии бандаки изофӣ калимаҳои дигарро ба худ тобеъ мекунанд: Ман кадоми бачаҳоро ёфта гап занам (Ҳ.И.). Аммо ҳеҷ кадоми ин бозорҳо дили маро хуш намекард (С.У.). Сифату ҷонишин ҳам ба вазифаи ҷузъи тобеъ меоянд:
Мани нодон, ҳамаи мо, ба ҳеҷ кадоми онон: Охир ба ҳеҷ кадоми онон ҷавоб нашуд (А.Д.). Баъзан дар алоқаманд кардани ҷузъҳои ибора ду воситаи грамматикӣ баробар саҳм доранд: Дигари аз инҳо писари Муллорўзии араб буд (С.А.).
Ибораи масдарӣ. Дар чунин ибораҳо ҷузъи асосӣ масдар буда, онро калимаҳои мустақил шарҳу эзоҳ медиҳанд. Доираи алоқамандшавии масдар хеле васеъ буда, ибораҳои зиёди гуногунмаъноро ба вуҷуд меорад.
Ибораҳои масдарӣ бо алоқаҳои изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ сохта мешаванд. Бо ёрии бандаки изофӣ сохтани ибораҳои масдарӣ дар забони тоҷикӣ маъмул аст. Ин яке аз аломатҳои номии ибораи масдарӣ буда, онро бо исм наздик мекунад. Яке аз тафовутҳои ибораи изофии масдарӣ аз исмӣ он аст, ки бо ин алоқа ба масдар танҳо муайянкунандаҳои изофии ифодакунандаи маъниҳои субъект, объект ва ҳол тобеъ мешавад. Ба вазифаи ҷузъи тобеъ исм ва ҷонишинҳои шахсию нафсӣ-таъкидӣ меоянд:
рафтани падарам, хондани бачаҳо, омадани табиби нав, гирифтани ў, додани хироҷ, хўрдани шўрбо, тамошо кардани шаҳр: Гулизор бо шунидани овози амакаш гурехта аз боғ бадар рафт (С.У.). Бо ёрии алоқаи вобастагӣ сохта шудани ибораҳои масдарӣ маъмул аст. Бо чунин алоқа ҳолу пуркунандаҳои гуногун ба масдар тобеъ мешаванд: Мингбоши вақти ба Чорбоғ баргаштанаш аз он деҳа мегузарад (С.У.). Шаклгирии ибораи масдарӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ низ маъмул аст. Ҳолҳои гуногун ва пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта бо ин алоқа ба масдар тобеъ гардида, ибораи масдарӣ месозанд: Байти як бор хондашударо дубора хондан дуруст нест (С.А.). Ибораи сифати феълӣ. Сифати феълӣ калимаҳои дигарро ба худ тобеъ намуда, ибора месозад. Калимаҳо бо ду навъи алоқа

пешина
аз 389
навбатӣ