Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

–вобастагӣ ва ҳамроҳӣ ба сифати феълӣ тобеъ мешаванд: а) алоқаи вобастагӣ: Регҳои ба боми хона ғуншударо бо бел рўфта истодаем (С.А.); б) алоқаи ҳамроҳӣ: Ана, имрўз дидам, ки одамҳои нағз кор намекардагӣ ҳам будаанд (Р.Ҷ.). Ҳамаи шаклу замонҳои сифати феълӣ ҳолу пуркунандаҳои гуногунро ба худ тобеъ намуда, ибора месозанд: Ҳикояҳои аз Тўтапошшо шунидаам бисёранд (С.А.). Тамоми воқеаҳои ҳозир дар рўи олам шунидаистодагиро як ба як гуфта додан гирифт (Ҳ.К.).
Ибораи сифатӣ. Дар ибораҳои сифатӣ ҷузъи асосӣ сифат буда, ҳиссаҳои дигари нутқ ба воситаи алоқаи вобастагӣ, ҳамроҳӣ ва мраккаб ба сифат тобеъ мешаванд: шахси барои модар меҳрубон, барои хонанда фаҳмо. Ибораҳои сифатӣ вобаста ба маънои ҷузъҳои асосию тобеъ маъноҳои басо гуногун, аз қабили объектӣ, замону макон, масоҳат, хилофу қиёс, дараҷаро ифода мекунанд: дарбони ба мо шинос, дугонаҳои барои Гулрў меҳрубон, деҳаҳои аз марказ дур, чашмони пур аз ашк:
Дардасташ як варақ коғази ба монанди шир сафед меистод (Ф.М.). ибораи сифатӣ ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ низ сохта мешавад. Ба сифати ҷузъи тобеъ дар ин гуна ибораҳо зарф ва исм меояд. Ибораҳои мазкур муносибатҳои замонию маконӣ, миқдору дараҷа ва монандиро ифода мекунанд: дарахтони ҳанўз сабз, кўли доимо сероб, боғи ҳамеша обод, писараки ниҳоят зебо.
Ибораи устувор. Иборае, ки ҷузъҳои он ба якдигар вобастагии ҷудонашаванда дошта, як маъноро ифода мекунанд. Ниг.: ибораи фразеологӣ.
Ибораи феъли ҳол. Феъли ҳол маъмулан чун аломати феъли асосӣ ба он вобаста мешавад ва бо ёрии алоқаҳои вобастагию ҳамроҳӣ, ҳолу пуркунандаҳоро ба худ тобеъ намуда, ибора месозад: Ин ду одами машҳури завод бо мо сўҳбаткунон дар завод гашта хеле ҳикояҳо кардаанд (Ҷ.И.). Аммо аз пайраҳаи асфалтпўш оҳиста роҳравон аз фикр мегузаронад (Ф.М.).

пешина
аз 389
навбатӣ