Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ибораи феълӣ. Дар ибораҳои феълӣ ба сифати ҷузъи асосӣ феълҳои ғайритасрифӣ меоянд. Ибораҳои феълиро ба масдарӣ, сифати феълӣ ва феълиҳолӣ ҷудо мекунанд.
Ибораи фразеологӣ. Ибораҳои фразеологӣ аз рўйи сохти худ ба ибораи озоди синтаксисӣ монандӣ доранд. Онҳо ҳам аз ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно ташкил ёфтаанд, чун дар ибораҳои озод дар ин гуна ибораҳои устувор низ яке аз ҷузъҳои таркибӣ калимаи дигарро ба худ тобеъ кардааст. Аммо ҳамаи ин аломатҳо ҷиҳати зоҳирии ибораи фразеологиро, ки дар замина ва қолаби ибораҳои озоди синтаксисӣ ба вуҷуд омадааст, ташкил медиҳанд. Муносибати тобеи байни ҷузъҳо барои ибораи фразеологӣ дар аксари мавридҳо ягон мақоме намебозанд. Ҷиҳати муҳими ибораҳои фразеологӣ дар устувории таркиби луғавӣ ва ифодаи яклухти онҳо зоҳир мешавад. Ибораҳои фразеологӣ дар қолаби воҳидҳои рехтаи забон як мафҳуми бутунро ифода мекунанд: «нуқтаи назар» - ақида, назария; «қути лоямут» - кам; «бедарди миён» - муфт. Навъҳои ибораҳои фразеологӣ аз ҷиҳати сохт хеле зиёданд. Хели аз ҳама серистеъмолро ибораҳои изофии фразеологӣ ташкил медиҳанд: «хандаи субҳ», «хаёли хом», «фикри пухта», «гурги борондида», «мурғи посўхта».
Гурўҳи дигари ибораҳои фразеологӣ аз рўи қолабҳои пешояндиву пасояндӣ ба вуҷуд омадаанд: «ба чашм намоён», «мўру малах барин», «ба дил гирифтан». Дар гурўҳи дигар фақат тартиби муайяни ҷузъҳоро метавон мушоҳида кард: «забон баровардан», «даст задан», «ягон вақт».
Гурўҳи муайяни ибораҳои фразеологӣ дар заминаи ибораҳои синтаксисии бо воситаҳои гуногуни грамматикӣ сохташуда ташкил ёфтаанд: «ба ибораи дигар», «аз сари нав», «як сари қадам».
Ибораи шуморагӣ. Дар ин гуна ибораҳо ҷузъи асосӣ шумора буда, калимаҳои дигар бар эзоҳи он меоянд. Ибораи шуморагӣ бо алоқаҳои изофӣ, ҳамроҳӣ ва вобастагӣ сохта мешавад. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ шумораҳои аслӣ, тахминӣ, касрӣ ва тартибӣ омада метавонад: Дар дасти ман ду дона тир мондааст, ки барои дуи шумо басанда аст (С.А.). Яктодутои дар Бухоро мондагинашон ҳам руст шуданд (Ҷ.И.). Ибораҳои

пешина
аз 389
навбатӣ