Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

алоқаманд кардани ҳоли назди хабар бо ҷузъи номии он истифода мешавад. Дар ибораҳои изофӣ калимаи изофадор қариб ҳамааш ҷузъи асосӣ буда, бештар дар аввали ибора меояд. Аломати графикии изофат ба сифати бандаки воқеии синтаксисӣ садоноки и мебошад.
Иқтибос (ар. – нур гирифтан; аз сухани касе дар сухани худ овардан)
– порча ё фиқрае, ки муаллиф барои тасдиқ ё эзоҳу тақвияти фикри худ аз асар ё гуфтаҳои дигар кас айнан овардааст. Иқтибос ба мақсадҳои зерин кор фармуда мешавад:

  1. Барои далел матлаберо аз Қуръон ё Ҳадис гирифта, дар гуфтор ва матни худ дохил кардан ишорат ба сарчашма:
    Он ду рухро ҷомаи оёти зебоӣ шинос, Хубрўён карда з-он ҷо ояти ин иқтибос. (Ҷомӣ).
  2. Гирифтани дониш аз касе ё китобе:
    Кай ба ҳар чашме назарбозон тамошояш кунанд, Ҳам магар нур иқтибос аз рўи зебояш кунанд (Соиб).
  3. Барои исботи фикр ва ё шарҳи он аз суханҳои шахси мўътабар ё китобе овардани порчае. Иқтибос ду навъ мешавад: айнан ва мазмунан.
    Иқтибоси айнан дар нохунак гирифта шуда, сарчашмаҳои он, яъне номи муаллиф, номи асар, соли нашр ва саҳифаи он нишон дода мешавад. Дар сурати мазмунан истифода шудани ин ё он фикр номи муаллиф ва асари ў ба тариқи зайл оварда мешавад: ҳамон навъе ки фалонӣ дар асараш (…) таъкид мекунад… Дар ин маврид далел бе нохунак оварда мешавад.
    Имло (ар. – «пур кардан ва аз ёд чизе навиштан ва оғоз кардан ва аз худ чизе гуфтан) ва дар Ғиёс-ул-луғот чун истилоҳ ба маънии расмулхат, яъне навиштани таркиби ҳуруф мувофиқи қоида» аст. Имло системаи ягонаю умумии таърихан ташаккулёфтаи тарзи навишт аст, ки дар шакли хаттии забони адабӣ истифода мешавад. Имло аз рукнҳои асосии хат аст ва ҳамчун як соҳаи забоншиносӣ падидаи махсуси лингвистию иҷтимоӣ буда, барои кули ҷомеа яксон хизмат мекунад. Мафҳуми «имло» бо саводу саводнокӣ, ки яке аз маъноҳои машҳури он «хонда ва навишта тавонистан» аст, алоқаю робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, имло
пешина
аз 389
навбатӣ