Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маҷмўи қоидаҳоест, ки ягонагии тарзи сабти нутқро муайян мекунад.
Вазифаи ҷамъиятии имло дар он зоҳир мегардад, ки навишти ягонаи калимаҳо (бидуни хусусиятҳои фардиву лаҳҷавии талаффуз) истифодаи нутқи хаттиро осон мегардонад. Қоидаҳои имло тариқи ифодаи ҳарфии фонема ва калимаҳо, инчунин истеъмоли ҳарфи калон, аз сатр басатр кўчонидани калимаҳо, якҷоя, ҷудо ё бо дефис навиштани онҳоро дарбар мегирад. Қоидаҳои имло дорои 3 принсипи асосианд: 1) принсипи фонетикӣ, ки навишти калима бо талаффузаш мувофиқат мекунад (хона, мардум, гуфтан, дусад); 2) принсипи морфологӣ, ки калима, таркиб ва ибораҳо мувофиқи шаклу сохти морфологиашон навишта мешаванд:
сахттар, гул-гулшукуфон, пари қу, суп-сурх, ба инобат гирифтан; 3) принсипи таърихию анъанавӣ, ки калима, таркиб ва ибораро аз рўйи баромаду пайдоишашон менависанд: анбўр [амбўр], нардбон, ташаккул, Носири Хисрав. Мутобиқи принсипи таърихию анъанавӣ дар имлои баъзе вожаҳо таҷдиди назар ба вуҷуд омадааст. Шаҳритус < Шаҳритуз, Тус < Тўс, Қубодиён < Қабодиён. Дар ҳар забон яке аз ин принсипҳо асоси имло ба шумор меравад. Масалан, дар забони русию тоҷикӣ принсипи морфологӣ дар забони англисӣ принсипи анъанавӣ асосист. Таърихи имло ба таърихи хат алоқаи зич дорад. Дар таърихи имлои забони тоҷикӣ се марҳаларо зикр менамоянд: а) давраи алифбои арабӣ; б) давраи алифбои лотинӣ (1928–1940), ки соли 1930 бори аввал қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷикӣ муқаррар гардид; в) давраи алифбои русӣ.
Соли 1941 дар асоси алифбои русӣ қоидаҳои мураттаб гардиданд, ки баъд ду маротиба (1953 ва 1972) ба таври ҷиддӣ таҳрир ёфтанд.
Имола. Падидаи табдили садоноки о басадоноки э(е). Дар баъзе калимаҳои арабии бештар дуҳиҷоӣ ба ҷои садоноки о садоноки э(е) ё и менависанду мехонанд. Ҳиҷои пеш аз ҳиҷои имолашуда дорои чунин хусусиятҳост:
- Ҳиҷои интиҳои калима кушод буда, бо садоноки о тамом мешавад: фидо-фиде-фидӣ; ғизо-ғизе-ғизӣ.
Одамиро шавад тамом ғизӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо