Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Балки ўро шавад тамом фидӣ (Ҷомӣ).
2. Ҳиҷои охири калима баста буда, садоноки о дорад:
Хоҷа, к-аз меҳр ношикеб омад,
Бо сиҳисарв дар итеб омад.
3. Ҳиҷои пешаз имола ва ҳиҷои имоладор баста аст, дар ҳиҷои пеш аз имола омадани садоноки и ҳатмист: идбар – идбер:
Иқболи ҷаҳон бигзарад, идбор намонад, Охир аламу айши гулу хор намонад (Бедил).
Не падар аз нусҳи Канъон сер шуд, Не даме дар гўши он идбер шуд (Румӣ).
Имола бештар барои қофия корбаст шудааст: ғизӣ-фидӣ-ғизе-баде, маснаде-ниде, ношикеб-итеб.
Имперфект (англ. imperfect tense, лот. imperfectum – ба охир норасида, қатъ нагардида, номукаммал, нотамом). Шакли феълие, ки амали замони гузаштаро дар давомдорӣ ё такрор будан, новобаста аз тамомшуда ё тамомнашуда будани он нишон медиҳад. Ин шакли феълӣ дар шакли замони гузаштаи ҳикоягии сиғаи хабарии забони тоҷикӣ ба назар мерасад: мерафтам, мехондам, мебурдам.
Инвариант (лот. invarians - тағйирнаёбанда). Инвариант ифодаи муҷарради воҳиди сохтории забон (фонема, морфема, лексема ва ғ.) бидуни зуҳуроти мушаххаси он. Фаҳмиши дуюми мафҳуми инвариант инкишофу амиқрафти маънои якум буда, дар забоншиносӣ принсипҳои умумии назарияи вариантнокӣ – инвариантиро муаррифӣ мекунад. Ин назария дар тадқиқотҳои фонологии мактаби забоншиносии Прага ба вуҷуд омад. Дар зери мафҳуми вариант зуҳуроти гуногуни овозии айни як воҳид – фонемаро мефаҳмиданд. Аз ду қатори истилоҳҳо эмӣ ва этикӣ якумӣ барои воҳидҳои инвариантҳо (фонема, морфема, лексема…) ва дуюмӣ барои воҳидҳои вариантҳо ҷиҳати зуҳуроти мушаххаси воҳидҳои инвариантҳо (фон//аллофон, морф//алломорф, лекса//аллолексо) истифода мешуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо