Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Исмҳои моддӣ ва ҷомеъ. Аз ҷиҳати маъно исмҳоро ба моддию ҷомеъ ҷудо мекунанд. Исмҳои моддӣ аз ҷиҳати таркиб чизу ашёҳои яклухт мебошанд. Онҳо вазн доранд ва баркашида мешаванд, вале шумурда намешаванд. Ин гуна исмҳо номи канданиҳои фоиданок (нефт, ангишт, тилло), унсурҳои кимиёӣ (оксиген, ҳидроген), номгўи рустанӣ, зироат ва ғалладона (гандум, ҷав, зағир), газворҳо (шоҳӣ, атлас), хўроквориҳо (нок, шир), доруворӣ (пирамидон) ва ғайраро ифода мекунанд. Ингуна исмҳо бештар дар шакли танҳо истифода мешаванд.
Исмҳои хос. Исмҳои хос номҳое мебошанд, ки ба предметҳо барои фарқ кардан аз предметҳои ҳамҷинси худ дода шудааст. Исмҳои хос номи одамон, номи падар, насаб, лақабу тахаллус (Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ), номҳои мифологӣ (Рустам, Фаридун), номҳои ҷуғрофӣ (Осиё, дарвоз, хатлон, Баҳри Тоҷик), номҳои ситорашиносӣ (Замин, Моҳ, Зўҳра), номи давлату созмонҳо (Маҷористон-Венгрия, Созмони Милали Муттаҳид), номи рўзномаю маҷаллаю китобанд («Садои Шарқ», «Ғуломон»).
Исмҳои шахс ва ғайришахс. Исмҳои шахс ба инсон (шахс) далолат мекунанд ва ба саволи кӣ? Ҷавоб мешаванд: омўзгор, коргар, инсон, зан, мард, бародар, шиновар. Исмҳои ғайришахс ба саволи чӣ? Чиҳо? Ҷавоб мешаванд: себ,анор, хона, шаҳр, дарё. Ин ду гурўҳи исмҳо бо вуҷуди он ки бо баъзе хусусиятҳояшон (аз ҷиҳати маъно, аз ҷиҳати тамоилашон ба қабул кардан ва қабул накардани шаклҳои грамматикӣ, мувофиқати хабар) аз ҳамдигар камубеш фарқ мекунанд ҳам ба ҳамдигар муқобил нестанд. Аз ин рў, исмҳои шахсу ғайришахсро ҳамчун категорияи грамматикӣ муаррифӣ намудан дуруст нест. Зеро танҳо маъноҳои грамматикие, ки воситаи ифодаи грамматикӣ доранд, категория мебошанд.
Исмҳои ҷинс. Исмҳои ҷинс номи умумишудаи предметҳои якхелаи ҳамҷинс мебошанд. Номи предметҳои ҳамҷинс номи гурўҳи мардумон (донишҷў, кишоварз, зан, мард), номи ҳайвоноту паррандагон (асп, мурғ, кабк), ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият (дарё, кўл, шаҳр) номгўи предметҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо