Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

(киштӣ, дег, бел), номи мафҳумҳо (ҷасурӣ, некӣ, шуҷоат) мебошанд.
Исмҳои ҷинс агар бо пасванди -он шакли ҷамъ гирифта, номи маҳал, ё деҳа шуда бошанд, ба исми хос мегузаранд: Муллоён, Чўянгарон, Камонгарон (дар Ваҳдат), Заргарон, Говкушон (дар Бухоро), Колхозчиён (дар Панҷакент). Тафовути луғавию дастурии исмҳои хосу ҷинс дар графика (хат) инъикос ёфтааст: исмҳои ҷинс бо ҳарфи хурд ва исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешаванд (дарё, Душанбе).
Исмҳои ҷомеъ калимаҳое мебошанд,ки маҷмўи (гурўҳи) предметҳои ҳамҷинси якхеларо ҳамчун воҳиди тақсимнопазир мефаҳмонанд:
башарият, халқ, қавм, мардум, гала, рама, села. Ингуна исмҳо дар шакли танҳо предметҳои ҳамҷинси якхеларо далолат мекунанд: а) исмҳои ҷомеъ ба гурўҳи одамон далолат мекунанд: аҳолӣ, мардум,лашкар, сипоҳ,қавм, қавм, гурўҳ; б) маҷмўи ҳайвоноту паррандагони ҳамҷинси якхеларо мефаҳмонанд: пода, рама, гала, села (селаи кабўтарон). Агар исмҳои ҷомеъ ҷамъ баста шаванд, ҷамъи гурўҳҳои алоҳидаи предметҳои ҳамҷинсро мефаҳмонанд: рама-рамаҳо, гала-галаҳо, мардум-мардумон:
Мардумони бохирад андар замон,
Роҳи донишро ба ҳаргуна забон (Рўдакӣ).
Исмшавии ҳиссаҳои дигари нутқ. Калимаҳои ба исм гузаштаро ба таърихию матнӣ ҷудо мекунанд. Бисёр калимаҳои мансуби ҳиссаҳои дигари нутқ дар тўли дурударози инкишофи забон ба исм гузаштаанд ва ҳоло дар забони тоҷикӣ ҳамчун исм истеъмол меёбанд. Чунин исмҳо ба исмшавии (субстантиватсияи) таърихӣ дохил мешаванд. Иддае аз калимаҳо ҳастанд, ки дар забонамон ҳамчун сифат, сифати феълӣ, феъл ва ғ. истифода шаванд ҳам, гоҳо дар матн ҳамчун исм категорияҳои морфологии хоси исмро (номуайянӣ, шумора) қабул мекунанд. Дар забони тоҷикӣ бештар сифатҳо ба исм гузаштаанд. Калимаи беқасаб, ки аслан аз исми касаб (матои нафис) бо пешванди бе- сохта шуда ба сифат гузашта буд. Ин калима амсоли вожаи шоҳӣ танҳо ҳамчун исми ифодакунандаи як навъи газвор истифода мешавад. Калимаҳои ҷавон, пир, ки аслан сифатанд, дар ҷумла бештар ҳамчун исм истифода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо