Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

клуб, театр, ария, опера; варзиш: футбол, бокс, теннис истифода мешаванд.
Калимаҳои иқтибосии тоисломӣ. Забони тоҷикӣ ва гузаштаҳои дури он дар алоқамандии бевосита аз забонҳои суғдӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ, туркию муғулӣ ва русӣ калима қабул кардаанд. Иқтибосҳои хеле қадим дар замони моқабли таърих аз забонҳои модӣ, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, ҳиндӣ, юнони ба вуқўъ пайвастаанд. Ба ақидаи муҳақкиқон калимаҳои серистеъмоли зўр, бузург аз забони қадимаи модӣ ва калимаҳои мул, май, шароб, аспист «юнучқа»аз бохтарӣ дохил шудаанд. Калимаҳое,ки бо таркибҳои овозии ҳр, рз, нҷ ба итмом мерасанд: шаҳр, маҳр, мўҳр, заҳр; кишоварз, андарз; ранҷ, ганҷ, санҷ, биринҷ аз ин забон иқтибос шудаанд.
Ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар замонҳои хеле қадим теъдоди зиёди калимаҳои суғдӣ низ ворид шуданд: канизак, воиш, ғирев, катак, рева, шах, зояк, «замини корам», роғ,варғ «даҳанаи ҷўй»,палағда, нағз, оғоз. Калимаҳои сершумори аз забони ҳиндӣ воридшуда ифодагари мафҳумҳои барои мардуми мо бегона буданд: ҷҳап «чоп», чавкҳандӣ «шипанг», чатранг «шоҳмот». Калимаҳои дар гузаштаи бостон аз забони юнонӣ воридшуда зиёд нестанд: фонус, номус, обнус, «як навъ дарахти сиёҳранги сахтчўб». Қисми зиёди чунин калимаҳо мафҳумҳои эҳтиётан муҳимро ифода мекунанд: арғунун, дафтар, кимиё, осиё, шоф, пиёла, лаган.
Калимаҳои иқтибосии туркиву муғулӣ. Аввалин калимаҳои туркиву муғулиро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Теъдоди умумии калимаҳои туркиву муғулии таркиби луғавии забони тоҷикӣ чандон зиёд нест, ки бештаринашон дар ифодаи шайъу мафҳумҳо ва аломату хосиятҳои онҳо ба кор бурда мешавад. Калимаҳои туркиву муғулӣ дар соҳаҳои давлатдорӣ, маъмурият, ҳарбӣ, чорводорӣ истифода мешаванд: а) истилоҳоти давлатдорию маъмурӣ: тўқсабо «яке аз мансабҳои баланд дар хонагариҳои Осиёи Миёна», гумрук «боҷхона»; б) истилоҳоти ҳарбӣ:
қўшун «лашкар», юзбошӣ «саркардаи сад аскар», қаровул «посбон»,

пешина
аз 389
навбатӣ