Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

қўрхона «анбори аслиҳа»; в) номи хўрданиҳо: дўлла «кабоби токӣ», очор «хўриш», қатлама «нони варақин ва равғанин, ки дар дег пухта шудааст»; г) истилоҳоти хешутаборӣ: ота «падар», оча «модар», тағо «бародари модар», келин «арўс», янга «зани бародар», ака «бародари калон»; ғ) калимаҳои ифодагари асбобу анҷоми рўзгор: қумғон «чойҷўш», ўчоқ «танўр», ути «дарзмол», чилим «қалён», қалпоқ «кулоҳ»; д) номи парандаҳо: чумчуқ «гунҷишк», қуш «боз», лочин «шоҳини шикорӣ»; е) номи наботот: юнучқа «алафи бисёрсолаи боғишуда», қаряғоч «чучум».
Калимаҳои касбӣ ифодагари мафҳумҳои косибӣ, ҳунарӣ, пешаварие, ки таърихи қадима доранд. Чунончи, калимаҳои ифодагари маснуоти кулолӣ ниҳоят гуногунанд: гилбута «лоикулолӣ», гўлах «оташхонаи кулолӣ», кашан «асбоби рўгардонкунӣ», каҷкорд «корди махсуси лойбурӣ», кўба «балғаи чўбин».
Калимаҳои китобӣ. Маҷмўи калимаҳои дар осори гузаштагон ва забони хаттии муосир мустаъмал калимаҳои китобиро ташкил медиҳанд.
Доираи истеъмоли чунин калимаҳо дар қиёси калимаҳои умумиистеъмол хеле маҳдуд буда, танҳо дар нигориши хаттӣ ба кор бурда мешаванд.
Нишонаҳои лингвистии калимаҳои китобӣ инҳоянд: а) чунин калимаҳо бо қолаби овозӣ, маъноҳо ва мавридҳои истеъмоилашон хоси забони китобанд: гавз «чормағз», фағ «худо», азрақ «кабуд», бора «аст»; б) яке аз гунаҳои мавҷудаи калима китобӣ аст: маҳ-моҳ, шаҳ-шоҳ, баршумурданшумурдан, шуморидан, бардурўғ-дурўғ; в) калима бо як ё якчанд маъноҳои худ хоси услуби китобист: довар бо маъноҳои «худо» ва «ҳукуматдор», баёз «сафедӣ», ранги сафед ва «коғаз, дафтари мусаввада».
Калимаҳои кўҳнашуда (ниг.: архаизмҳо).
Калимаҳои лаҳҷавӣ (ниг.: диалектизмҳо).
Калимаҳои маънодор - калимаҳои мустақилмаъно (маънодор) калимаҳое мебошанд, ки ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикӣ доранд. Онҳо дар ҷумла ба вазифаи ягон аъзои ҷумла (сараъзо ё аъзои пайрав) меоянд ва ба саволе ҷавоб мешаванд. Чунин калимаҳо (ҳиссаҳои мустақили нутқ) вазифаи номинативӣ-номгузориро иҷро мекунанд: номи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо