Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

тахтасанг; в) аз калимаи содаю сохта: гулдаста, сарчашма, мурғобӣ, сафарнома, гандумпоя; г) аз калимаи мураккабу сода: сарбоз+хона, сартарош+хона, наълбанд+писар; ғ) аз калимаю асос: ошпаз, гандумнамо, роҳрав, мўзадўз; д) аз ду асос: пухтупаз, шустушў, харидуфурўш, ҷустуҷў, додугирифт сохта мешаванд.
Калимаҳои мураккаби пасванддор. Калимаҳои мураккабе, ки аз ду ё зиёда решаю асосҳо сохта шудаанд ва танҳо решаи охирин пасванд қабул кардааст: оташгирак, нонхўрак, пахтакорӣ.
Калимаҳои нав (ниг.: неологизмҳо).
Калимаҳои ҳамреша. Калимаҳои гуногуне, ки аз як реша сохта шудаанд. Чунин калимаҳоро ба ду гурўҳ ҷудо мекунем: а) калимаҳои сохтаи ҳамреша: беаввалу охир, беазобу машаққат, бедарду алам, бедолу дарахт, бозавқу ҳавас, боазму субот, ҳамфикру ақида; б) калимаҳои мураккаби ҳамреша: бадаслу насаб, пурайшу тараб, пурнақшу нигор, хушбоду ҳаво, пурсабру тоқат.
Калимаҳои оморфӣ (юн. amorthos аз а. – бе+morphē - шакл) – забонҳои бешакл, решагӣ. Забонҳое, ки пешванду пасвандҳои дорои маънои грамматикӣ (ҳолат, шумора, шахс, замон ва ғ. надоранд. Дар ин гуна забонҳо маъноҳои грамматикӣ ё бо роҳи ҳамроҳшавии калимаҳо, ё бо ёрии калимаҳои ёридиҳанда ифода меёбанд. Забони чинӣ (хитоӣ) намунаи забонҳои оморфист. Дар забони тоҷикӣ баъзе калимаҳо аз ҷумла калимаи боз чунин хусусият дорад: Чӣ, ин қадар менолӣ, боз мардак! Чаро прогул кардӣ, боз аълочӣ! Баъзе калимаҳои ёридиҳанда ва ҳиссачаҳо шакли грамматикӣ надоранд: аз, ба, то, кӣ, -мӣ, -дия, -ҳа, -не.
Калимаҳои сермаҳсул ва каммаҳсул. Гурўҳи муайяни калимаҳо бо мурури замон маънои нав мегиранд, баъзеи дигар аз маъноҳои ҷудогонаи худ маҳрум мешаванд, ё баръакс маъноҳои нави иловагӣ мегиранд. Дар натиҷа калимаҳо аз ҷиҳати истеъмол хусусияти замонавӣ пайдо мекунанд, яъне дар марҳалаи муайяни инкишофи забон ё серистеъмол мешаванд ё камистеъмол. Аммо калимаҳои камистеъмол якбора аз байн намераванд.
Онҳо дар забон мавҷудияти худро тамоман аз даст надода, бо калимаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо