Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

серистеъмол дар як қатор муддате боқӣ мемонанд. Калимаҳои серистеъмол, ки дар гуфтугўи мардум ҳамеша ва ҳаррўза истифода мешаванд, то андозае оммафаҳманд, калимаҳои камистеъмол, ки кўҳна буданашон аён мешаванд, гурўҳи ғайри фаъоли таркиби луғавии забонро ташкил медиҳанд. Ба ин гурўҳ лексикаи таърихан маҳдудшуда хатти барот, вақфи авлод, ҳуҷраи ориятӣ… дохил мешаванд.
Калимаҳои сода калимаест, ки ба ҷузъҳои маънодор – морфемаҳо ҷудо намешавад: хона, даст, шаҳр, ҷавон, дур, ду, се, ман, мо, зуд, тез. Ин гуна калимаҳо дар шаклҳои дигар низ дучор мешаванд: хона, хонаҳо, хонагӣ, хонабон, хонавода, хонавор, яъне ба калимаҳои сода морфемаҳои калимасозу (хонагӣ) шаклсоз (хонача) васл мешаванд.
Калимаҳои сохта. Калимаҳои сохта бо ёрии пешванду пасвандҳо аз калимаҳои содаю асосҳои феълӣ сохта мешаванд: боғбон, галабон, хирадманд, санглох, но-дон, дар-омадан, фур-овардан, дон+иш+манд, оҳан-гар-ӣ, ҳам-кор-ӣ.
Калимаҳои умумиистеъмол. Маҷмўи чунин калимаҳои забони адабӣ, ки дар ҳама мавриди нутқ, чи нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ, чи услуби баланд ва чи услуби паст ба кор бурда мешавад, луғати умумиистеъмолро ташкил медиҳад. Калимаҳои умумиистеъмоли забони адабии тоҷик бо категорияи калимаҳои аслӣ ва вожаҳои фонди асосии луғавии он қаробату умумият доранд. Бештарини чунин калимаҳо вожаҳои қадимаи решагиро ташкил дода, дар ифодаи мафҳумҳои ҳаётан муҳим ба кор бурда мешаванд. Чунончи, калима ва маъноҳои зайл аз ҳамин қабиланд: сар «узви бадан, ки дар қисми болои тан ҷой гирифтааст», кор «амал, шуғл», нон «хўрдание, ки аз орди хамиршудаи ғалладона дар танўр пухта мешавад», об, замин, сурх, китоб, хондан, давидан. Ҳамаи вожаҳои ифодагари сифатҳо: сафед, сиёҳ, ширин, талх, дароз; шумораҳо: як, даҳ, бист, сад, ҳазор; ҷонишинҳо: ман, ту, вай, ин, он, ҳеҷ, ҳар; зарфҳо: зуд, оҳиста, берун, поён, боло, дина, имрўз; феълҳо: хўрдан, гуфтан, дидан, рафтан, шинохтан ва амсоли инҳо калимаҳои умумиистеъмолианд.
Нишонаю аломатҳои калимаҳои умумиистеъмолӣ инҳоянд: а) чунин

пешина
аз 389
навбатӣ