Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

(дуд), VCC (ашк), CVCC (даст). Дар калимаҳои иқтибосии русию аврупоӣ қолабҳои CCVC (трак-тор), CVCCC (пункт) низ истифода мешаванд.
Калкаҳои луғавӣ (иқтибосӣ маъноӣ). Калима ва маъноҳои ҷудогонаи вожаҳои забонҳои дигар, ки ба тоҷикӣ нуқта ба нуқта нусхабардорӣ карда шудаанд, калка (аз фр. col que «нусха», «назира») номида мешаванд. Калимаи азхудкунӣ ба маъноҳои: 1. «ҳазмкунӣ». 2.
«ободгардонӣ» (рус освоение); зериобӣ «аз зери об ҳаракаткунанда»:
киштии зериобӣ (ар. таҳтулбаҳрӣ), вакил «намояндаи халқ» дар мақомоти олии қонунбарории мамлакат (рус. депутат). Маҳз ҳамон маъноҳои калимаҳои забонҳои бегона ба вожаҳои забони тоҷикӣ зам шуда метавонанд, ки дар низоми маъноии онҳо заминаи мусоид пайдо карда тавонанд. Калимаи осмонхарош ба маънои «ниҳоят баланд»: биноҳои осмонхарош (рус. небоскрёб) маҳз барои он тарҷума шуда гузаштааст, ки дар таркиби луғавии забонамон калимаҳои амсоли осмонбўс, осмонрас, осмонгир, осмонкаф ва монанди инҳоро дорад. Калкаҳои луғавиро аз рўйи тарзи тарҷума ба гурўҳҳои калкаҳои маъноӣ ва калкаҳои сирф луғавӣ ҷудо кардан мумкин аст: а) калкаҳои маъноӣ. Дар муоширати соҳибзабононе, ки бо забонҳои дигар шиносанд, маъноҳои калимаҳои он забонҳо мисли маъноҳои калимаҳои худӣ истифода мешаванд, ки боиси ба вуҷуд омадани маънои нави калимаи худӣ мегардад. Вожаи ситора ба маънои «ҳунарманди ниҳоят маъруф»: ситораи синамо; тахта ба маънои «лавҳа»: тахтаи фахрӣ (рус. доска); боғча ба маънои «ҷойи бозиву истироҳат»: боғчаи бачагон (рус. детсад); б) калкаҳои луғавӣ бо сохтори сарфии худ низ нусхабардорӣ шудаанд. Калимаи фағфур ба маъноҳои «Хоқони Чин» ва «чиниворӣ» аз ибораи рехтаи форсии қадим baqha puthra «писари худо» ба вуҷуд омадааст. калкаҳои луғавии забони тоҷикиро ба пурраю нопурра ҷудо кардан мумкин аст. Калкаҳои пурра гурўҳи калимаҳои айнан нусхабардоришударо ташкил медиҳанд:
омўзишгоҳ «мактаби миёнаи махсус» (рус. училище), якшанбегӣ «кори хайрия дар рўзи истироҳат» (рус. воскресеник). Калимаҳои забонҳои бегона дар шакли калкаҳои нопурра қисман тарҷума шудаанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо