Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

феълҳои таркибии номӣ (хизмат кардан, кор кардан) омада метавонанд:
Ба дидани ў ёру бародаронаш: Умарҷон ва Амонҷон омада буданд (Р.Ҷ.).
Калимаҳои шевагӣ. Таркиби луғавии шеваҳо гуногун мебошад. Дар ҳар шева калимаҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, ки онро бо шеваи дигар муқобил мегузоранд. Бар замми ин, ҳар шева миқдори зиёди калимаҳоеро низ дорост, ки онро шеваҳои дигар умумият медиҳанд.
Таркиби луғавии шеваеро аз ҷиҳати муносибати он ба забони умумихалқӣ ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: а) калимаҳои умумихалқӣ; б) калимаҳои лаҳҷавӣ. Калимаҳои шевагӣ дар ин ё он ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ истеъмол мешаванд ва боиси тафриқа ва ҷудоии микросистемаҳои як системаи калон – макросистема мегарданд. Шеваҳое, ки дар ташаккули забони адабии миллӣ чандон нақшу саҳми асосӣ набозидаанд, дар таркиби луғавии худ калимаҳои хоси зиёде доранд.
Шеваҳое, ки ба забони адабии миллӣ нисбатан наздиктаранд, баръакси гурўҳи аввал дар хазинаи луғавии худ дорои унсурҳои хосанд. Масалан, дар «луғати шеваи ҷанубӣ» вобаста ба ҳудуди ҷуғрофӣ чанд навъи калимаҳои шевагӣ гирд оварда шудаанд: 1. Воҳидҳои луғавие, ки ба як қисм ва тамоми лаҳҷаҳои шеваи ҷанубӣ хосанд ва дар забони адабӣ ва шеваҳои гурўҳи дигар дучор намеоянд: угам (ба маънии баъд, сонӣ), ҷиғаридан (афтондан, вайрон шудан, гаштани девор). 2. Калимаҳои шевагие, ки дар байни худи шеваҳо, аз як тараф ва дар байни шеваҳои забони адабӣ, аз тарафи дигар, шаклан муштарак буда, аз ҷиҳати маъно фарқ доранд. Масалан, калимаи навохтан дар баъзе лаҳҷаҳои шеваи ҷанубӣ ба маънии «ҳақорат додан» мустаъмал аст ва дар забони адабӣ ва шеваҳои дигар марбути мусиқист.
Калимаҳои якҳиҷоӣ. Калимаҳое, ки аз як ҳиҷо иборатанд. Исмҳо (рег, барф, даст, дил, пой), сифатҳо (хуб, нек, тар, тунд, нек, бад), шумора (як, ду, се, сад), ҷонишин (ман, ту, ў, ин, он), асосҳои феълӣ (гўй-гуфт, раврафт), зарфҳо (кам, беш, баъд), пайвандакҳо (ва, ҳам, ки, чун, то), пешояндҳо (аз, ба, дар, то, бе, ҷуз, бо, бар, бо) чунин хусусият доранд.
Қолабҳои овозии калимаҳои якҳиҷоӣ инҳоянд V (ў), VC (аз), CV (ду), CVC

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо