Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Луғати шева. Луғате, ки таркиби луғавии шеваҳо ва шарҳи маъноии онҳоро дарбар мегирад. Луғати шева калимаю ибораҳоеро дар бар мегирад, ки хоси як шева ё махсуси шеваҳои ба ҳам наздик буда, дар шеваҳои дигар ва забони адабӣ мушоҳида намешаванд. Вазифаи асосии луғати шева тафсири маъноӣ ва шарҳи тарзи талаффузи калимаҳо (қолабҳои овозӣ) дар ин ё он шеваю гўиш аст. Унсурҳои сабти луғати шева дар қомусу фарҳангҳои қадим ба назар мерасанд, ки маънидоди калима ва маҳалли мавзеи истифодаи онҳо ишораҳо мавҷуданд: Парранишин – мардуми сарҳаднишин, ки дар таҳти фармони сипаҳсолорон бошанд ва ин луғати Гелон аст (аз «Баҳори Аҷам»); гиҳон (گهان) мухтасари геҳон (گیهان) ва ин забони шерозӣ аст («Кашф-ул-луғот»). Аввалин асаре,ки дар шакли луғати шева нашр гардидааст «Таджикско-русский диалектный словарь», (1963) мебошад. Мураттиби ин луғат В.С.Расторгуева маводи онро аз гурўҳи лаҳҷаҳои Варзоб гирд овардааст. Ин луғат барои таҳияи луғатҳои шеваҳои дигари забони тоҷикӣ намунаи хубе гардид. Бо кўшиши кормандони шўъбаи шевашиносии АИ Тоҷикистон соли 1971 намунаи «Луғати шеваҳои ҷанубӣ» (макети ҳарфи «Д») ва минбаъд ба шакли пурра нашр шуд. Соли 1982 аз рўи маводи шеваҳои ғарбу шарқи Тоҷикистон луғати А.З.Розенфельд «Таджикско-русский диалектных словарь» нашр гардид, ки дар он маънои 6000 калимаи лаҳҷаҳои кўҳистон (Бадахшон, Ванҷ, Дарвоз, Қаротегин, Кўлоб) ба забони русӣ тарҷума гардидаанд:
nišona (nišuna) 1) знак; 2) метка мастера на изделии; 3) В. (Ванҷ) земледельческий календарь. Луғатҳои шева аз ҷиҳати ҳаҷми мавод ва тарзи интихоби воҳиди луғавии шева ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: 1.
Луғатҳои махсуси шева (дифференсиалӣ). 2. Луғатҳои мукаммали шева (системанок). «Луғати шеваҳои ҷанубӣ» дар асоси қоидаҳои умумии луғати шевагии махсус омода шудааст,ки тобишҳои маъноии калимаҳои шеваро бештар ба инобат гирифтаанд. Намуна: Далда, ДАЛИДА (Ял.) ДАЛЙА (Ез.) 1. Далда, таъоме, ки аз гандуми кўфта бо омехтаи нахўд, наск, лўбиё ва ғайра тайёр мекунанд: санги ръжди насворшакли қати дилда-ра мешакиву гандъм-ша шира менӣ (Қаҳ.); пешта далида мепъхтан

пешина
аз 389
навбатӣ