Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(Ял.). 2. (Даҳ., Зир., КРЗ.) маҷ. ҳамакора: и далда-ай (Крз.) Ниг.:
Маҳмудов М., Ҷўраев Ғ. Луғати шеваҳои забони тоҷикӣ. (Лаҳҷаҳои ҷанубӣ). – Қисми 1. – Душанбе, 1997, саҳ. 113).
Луғатнигорӣ (лексикография – юн. Lexikos – марбути калима ва grapho – менависам), як қисми забоншиносӣ,ки масаоили назария ва амалияи таҳия ва тартиб додани луғатҳоро меомўзад. Луғатнигории амалӣ вазифаю функсияи муҳими ҷамъиятиро иҷро мекунад: 1. Таълими забонҳои модарӣ ва забонҳои дигар. 2. Тасвир ва меъёррезии забони модарӣ. 3. Муоширати байнизабонӣ (луғатҳои дузабона, сўҳбатнома). 4.
Таҳқиқу омўзиши илмии луғати забон (луғатҳои этимологию таърихӣ).
Луғатнигории назариявӣ проблемаҳои зеринро фаро мегирад: 1. Тарҳрезӣ ва таҳияи типологияи умумии луғатҳо ва луғатҳои аз ҷиҳати сохтор нав.
2. Баррасии макроструктураи луғатҳо (интихоби калимаҳо, тартиби ҷой додани калимаҳо дар моддаи луғат, ҷудо кардани омонимҳо, дар замимаи луғатҳо маводи ғайри лексикографӣ: мақолаҳои грамматикӣ ва намунаю тасвирҳо. 3. Тадвину таҳияи сохтори луғат (шарҳи грамматикию фонетикии калима, ҷудо кардан ва таснифи маъноҳо, аломатҳо, тафсири ибораҳои фразеологӣ. Луғатнигории муосир муҳимияти вазифаи иҷтимоии луғатҳоро таъкид менамояд, ки маҷмўи дониши як давраи муайянро муайян мекунад. Луғатнигории якзабона (аз ҷумла луғатҳои тафсирӣ), дузабона (тарҷумавӣ); таълимӣ, соҳавиро ҷудо мекунанд.
Воҳидҳои луғавии забонро аз рўи талаботу қонунияти луғатнигории имрўза гирд оварда шуда, вобаста ба навъи луғат калима аз ҷиҳатҳои гуногун шарҳ меёбанд. Чунин ҷиҳатҳои тафсири калимаҳоро ба инобат гирифта, луғатҳоро ба ду гурўҳи калон ҷудо мекунанд. I. Луғатҳои энсиклопедӣ. II. Луғатҳои филологӣ.
Луғатҳои филологӣ. Луғатҳои филологӣ маъмулан бо калима (воҳидҳои луғавӣ) иртибот дошта, дар таҳкиму омўзиши низоми луғавӣ ва дастурии забон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Чунин луғатҳо роҷеъ ба калима ва таркибу ибораҳо аз ҷиҳати маъно, шаклу сохт, имлою тарзи талаффуз, муродифҳо, омонимҳо, антонимҳо, гунаҳо (тағйиротҳои

пешина
аз 389
навбатӣ