Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шаклию сохтории воҳидҳои забон), услубҳои забон, этимологияи калимаҳо маълумот медиҳанд. Луғатҳои филологӣ забони адабиро танзим намуда, маънию мақоми онро устувор менамоянд. Дар луғатҳои филологӣ калимаю таъбирҳои тафсиршаванда дар тарафи чап (луғатҳои ба хати имрўза (сирилик) номбаршуда) бо ҳуруфи калони равшан ва шарҳу тафсири онҳо дар қисмати рости саҳифаҳои луғат ҷой дода мешаванд ва калимаҳои тафсиршаванда дар шакли асосии грамматикӣ (мас., исмҳо дар шумораи танҳо, сифатҳо дар дараҷаи одӣ, феълҳо дар шакли масдар…) меоянд. Луғатҳои филологиро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: луғатҳои умумии филологӣ, луғатҳои махсуси филологӣ.
Доираи истифодаи луғати умумӣ васеъ буда, аз ҷиҳати синну сол, дараҷаи маърифат, касбу кор гуногунанд. Луғатҳои умумӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: 1. Тафсирӣ. 2. Тарҷумавӣ. 3.
Этимологӣ. 4. Шева. 5. Шарҳҳои осори адибон. 6. Луғати осори адибони ҷудогона. 7. Луғати калимаҳои иқтибосӣ, луғати муҳовара. Гурўҳи луғатҳои махсуси филологӣ инҳоянд: 1. Луғати муродифҳо. 2. Луғати антонимҳо. 3. Луғати омонимҳо. 4. Луғати паронимҳо. 5. Луғати воҳидҳои фразеологӣ. 6. Луғати калимаҳои сермаъно. 7. Луғати имло. 8. Луғати орфоэпӣ. 9. Луғати чаппа (қофия). 10. Луғати гунаҳо. 11. Луғати калимаҳои омехта ва 12. Луғати калимаҳои мураккаб,луғати калимасозӣ.
Луғатҳои энсиклопедӣ. Калимаи энсиклопедия (аз юнонии encyklopedia) маънои маълумоти мухтасар аз боби ҳар илмро дорад.
Энсиклопедия дастури илмии роҳнамоест, ки аз хусуси мафҳумҳо, истилоҳот, ҳодисаҳову падидаҳои муҳим ба таври фишурда маълумот дода мешавад. Мавод, яъне мақолаи энсиклопедӣ дар ин луғатҳо мувофиқи алифбо ё аз рўи мавзўъҳо (соҳаҳои гуногуни илму фан) ҷойгир мешавад. Калимаю истилоҳоти ташреҳӣ аз рўи тартиби алифбо ҷойгир гардида, бо хати сиёҳи равшан оварда мешаванд.Дар интиҳои ҳар як шарҳи энсиклопедӣ феҳристи адабиёт пешниҳод мегардад. Дар луғатҳои энсиклопедӣ вобаста ба мавзўи мақола тасвирҳо, нақшаю харита ва ҷадвалҳо ҷой дода мешаванд. Таҳияи луғати энсиклопедӣ заҳмати

пешина
аз 389
навбатӣ