Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

анҷом дода мешавад». Тадқиқу ташхиси этимологияи илмии калима татбиқи ҳатмии мувофиқату мутобиқати қонуниятҳои савтиро дар назар дорад. Масалан, таркиби овозии садоноку ҳамсадои «л» баъд аз садоноки лабӣ дар гузаштаи бостон ба таркиби овозии *rd баробар будааст: сол < форсии миёна sāl, дар форсии қадим θard; пул < pul < *prdu ба маънои «ало було». Роҷеъ ба забонҳои ҷудогонаи эронӣ чунин луғатҳои этимологӣ мураттаб шудаанд: Абаев В.И. Историко-этимологический словарь осетинского языка. – Т. 1. – М. – Л., 1958. – 655 с.; Т. 2. – Л., 1973. – 448 с.; Т. 3. – Л.- М., 1979. – 358 с.; Т. 4. – Л., 1989. – 352 с. (Луғати таърихиву этимологии забони осетинӣ). Расторгуева В.С., Эдельман Д.И.
Этимологический словарь иранских языков. – Т. 1. – М., 2000. – 327 с.
(Луғати этимологии забонҳои эронӣ). Ҷўраев Р. Этимологияи сад калима.
– душанбе, 1985. – 28 с. Ин ягона луғатест, ки дар он этимологияи калимаҳои забони адабии муосири тоҷик маънидод мешавад. Дар луғатнигории тоҷик луғати нисбатан мукаммали этимологӣ (решашиносӣ) вуҷуд надошта бошад ҳам, аз ҷумла забони тоҷикӣ ва шевашиносӣ дар заминаи рисолаҳои тадқиқотӣ маводи зиёде ҷамъ оварда шудааст, аз ҷумла дастурҳои: Р.Х.Додихудоев. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 1978; А.Каримов. Таҳлили лексикӣграмматикии матнҳои қадим, УДТ, Душанбе, 1986; Х.Додихудоев, Л.Г.Герценберг. Таърихи забони тоҷикӣ, Душанбе, 1989; Р.Ҷўраев.
Дастур оид ба дарсҳои амалии таърихи забони тоҷикӣ, Кўлоб, 1976; З.Мухторов. Таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2003. – 151 саҳ. Боби замимаи дастури А.Каримов «Хрестоматияи забони паҳлавӣ» хусусияти луғати этимологӣ дошта, этимологияи зиёда аз 400 калима шарҳ дода шудааст. Барои намуна шарҳи ду калимаро меорем: – xānah- хона, ҳавлӣ, истиқоматгоҳ. Ҳорн онро аз масдари авестоии kan (феъли хондан) маънидод мекунад. В.И.Абаев ин нуқтаи назарро давом дода, менависад, ки kan дар бисёр забонҳои эронӣ васеъ истеъмол меёбад – «кандан, кофтан, хок тепа кардан». Дар ҳиндии қадим khan – «кандан, koftan», авестоӣ xan – «чашма, чоҳ».

пешина
аз 389
навбатӣ