Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

М
Мавзуният, такрори муназзами воҳидҳои мушобеҳ ва қобили қиёси нутқ, ки вазифаи (фунскияи) сохторӣ, матнсозӣ ва эҳсосию муасириро иҷро мекунад. Мавзунияти нутқ яке аз зуҳуроти қонунияти бунёдии табиат мебошад. Мавзуният дар матнҳои шеърӣ бештар ва дар нутқи муколамавӣ камтар дида мешавад. Воҳиди мавзунияти наср синтагма ва воҳиди мавзунияти каломи мавзун (шеър) овоз, ҳиҷо, сатр (мисраъ), банд (қитъа) аст. Ин воҳидҳо системаи дараҷанокиро ташкил медиҳанд.
Воҳиди асосии мавзуният-гурўҳи мавзун аз як ҳиҷои заданок ва якчанд ҳиҷои безада иборат аст. Дар ташаккули мавзуният ҳама гуна воситаҳои забонӣ: овозӣ, оҳангӣ, наҳвӣ, луғавию маъноӣ, аз ҷумла такрори гуногуни мувозинат иштирок мекунанд.
Маданияти нутқ (ҳусни сухан). 1. Донистани меъёрҳои забони адабии шифоҳӣ ва хаттӣ (қоидаҳои талаффуз, зада, истифодаи калимаҳо, грамматика, услубшиносӣ), инчунин истифодаи воситаҳои ифоданоки забон дар ҳолатҳои гуногуни муошират мутобиқи ҳадафу мазмуни нутқ.
2. Як бахши забоншиносӣ, ки масъалаҳои меъёррезиро таҳқиқ мекунад.
Мавҳуми маданияти нутқ (ба маънои якумаш) ду дараҷаи донистани забони адабиро дарбар мегирад: дурустии нутқ, яъне риояи меъёрҳои забони адабӣ,ки гўяндагону нависандагон ба сифати «идеал» ё намунаи маҳорати забондонӣ эътироф мекунанд. Мафҳуми асосии назарияи маданияти нутқ меъёри забон аст. Ба маънои дуюмаш вазифаи асосии маданияти нутқ омўзиши меъёрҳои объективии забонист (дар ҳамаи сатҳҳои забон). Луғатнигорӣ дар ташаккули меъёррезии забони адабӣ ва инкишофи назарияи маданияти нутқ, аз ҷумла луғатҳои меъёрии имло, талаффузи адабӣ, таълимию дастурӣ, саҳми назаррас дорад.
Мадд - аломатест аз аломатҳои ҳаракат ва одатан дар аввали калима болои ҳарфи алиф мегузоранд ва онро о мехонанд. Ба ин шакл аст: ~: آرام
- ором, آداب – одоб, آدم – одам, آگاه – огоҳ, آرزو – орзу.
Мазидилайҳ - пешояндҳои таркибиро мазидилайҳ меномиданд. Ба ғайр аз, баҷуз, ба тарафи, дар зери, роҷеъ ба.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо