Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нимсадонокҳоро ҷудо намудаанд. Инчунин ҳиҷо ва тағйиротҳои гуногуни овозӣ:  ҷойивазкунӣ, элизия ва м.и.-ро низ омўхтаанд. Калимаро ҳамчун кисми хурдтарини нутқи алоқаманд донистаанд. Филологҳои Александрия 8 ҳиссаи нутқро муқаррар намудаанд: исм, феъл, сифати феълӣ, аъзо, ҷонишин, пешоянд, зарф, пайвандак (Дионисий Фракийский). Дар мактаби Александрия луғатнигорӣ ба вуҷуд омад, ки ин анъана ба фаъолияти луғатсозию луғатнигории асрҳои миёнаи Аврупо таъсири зиёд расонд. Ин мактаб намунаҳои таҳияи синтаксисиро ҳамчун ҷузъи грамматика ба вуҷуд овард. Апполония Дискол истилоҳи «синтаксис»-ро ба маънои васеаш барои ифодаи муносибатҳои алоқаи унсурҳои нутқ истифода бурдааст.
Мактаби Виноградов дар забоншиносӣ. Яке аз мактабҳои забоншиносии шўравӣ, ки солҳои 40-50-и асри 20 ба вуҷуд омада, ҳамфикрон ва пайравони роҷеъ ба масоили табиати забон ва методологияи умумии омўзишу таҳқиқи онро муттаҳид намуда буд.
В.В.Виноградов яке аз созмондиҳандагони барҷастаи илмҳои филологии замони шўравӣ буд. Ба фаъолияти ў таъсири ғояҳои А.А.Мехматов ва Л.В.Щерба мушоҳида мешавад. Аз Шахматов методикаи таҳлили муқоисавию таърихӣ ва тавсифи амиқу муназзами забонро пазируфт, аз Щерба майлону рағбати зиёд ба забон ҳамчун системаи фаъол ва танзимкунандаи меъёрҳои забонӣ. Виноградов забонро ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ баррасӣ намуда, дар он натанҳо эволютсияи система, балки анвои нутқ ва шаклҳои нутқро медид. Дар назарияи Виноградов дар маркази омўзиши забон, аз як ҷониб, калима ҳамчун воҳиди марказии системаи забонӣ, аз ҷониби дигар, - матн бо ҳама мураккабиҳояш, дар равобити мутақобили забон ва нутқ баррасӣ мешавад. Виноградов табақабандии нави ҳиссаҳои нутқро пешниҳод намуд. Ба системаи ҳиссаҳои нутқ «ҳиссачаҳои нутқ», калимаҳои модалӣ ва категорияи ҳолатро ворид намуд. Ғояҳои Виноградов дар назарияи вожашиносӣ – тарҳрезии анвои маъниҳои луғавии калима, амиқтар кардани мафҳуми «лексема» ва барқарории назарияи гуна-вариантҳои услубӣ, грамматикӣ

пешина
аз 389
навбатӣ