Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ва маъноии калима, таълимот роҷеъ ба фразеология ҳамчун бахши махсуси забоншиносӣ, танзими навъҳои воҳидҳои фразеологии забони русӣ барои инкишофи минбаъдаи вожашиносии русӣ ва луғатнигории умумӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.
Мактаби забоншиносии Араб. Дар асрҳои VII–VIII давлати бузурги арабҳо – Хилофат Араб таъсис меёбад. Дар давлати гуногунзабон ва гуногунфарҳанг забони давлатӣ забони арабӣ ва дин дини ислом буд.
Мактаби забоншиносии Басра соли 636 ва Куфа соли 638 таъсис меёбад.
Забоншиносони басрагӣ ба таври қатъӣ риоя кардани меъёрҳои забони классикии арабӣ, хусусан китоби муқаддаси Қуръон ва назми классикиро тасвиб мекарданд. Забоншиносони мактаби Куфа бештар ба ҷиҳати амалӣ таваҷҷўҳ доштанд. Аксари муҳаққиқон Абуласвод ад-Дуалиро асосгузори илми забоншиносии араб мешуморад. Забоншиносони араб дар се марказ фаъолият доштанд. Бо таъсири афкори грамматикии Юнони бостон ад- Дуалӣ ҳиссаҳои нутқи забони арабиро ба се қисм: исм, феъл ва ҳарф гурўҳбандӣ намудааст. Илми арабшиносии Араб аввалин бор пас аз он ки Абуласвод ад-Дуалӣ ба ҳаракот асос гузошт, дар Басра шакл гирифт.
Аввалин наҳвиёни мактаби Басра Ибн Абўисҳоқ ал-Хоразмӣ, Исо ибн Умар, Абўамр ибн ал-Ало, Юнус ибн Ҳабиб ва дигарҳо мебошанд. Халил ибн Аҳмад намояндаи барҷастаи ҳамин мактаб буда, аввалин забоншиносе буд, ки дар «Китоб-ал-айн» ном асараш ҳарфҳои забони арабиро аз рўи махраҷашон гурўҳбандӣ намуд. Асар аз ҳарфи айн ع шурўъ мешавад. Тақсимот ба тариқи зайл аст: ҳамсадоҳои ҳалқӣ, забончагӣ, забонӣ, каноризабонӣ, комузабонӣ, забонукомӣ, нўгизабонудандонӣ, нўгизабонукомӣ ва лабӣ. Асари Халил ибни Аҳмади Басрӣ «Китоб-алъайн» то замони мо нарасидааст, вале аз рўйи асари «Ал-китоб»-и Сибавайҳ, ки аслан эронитабор буд, маълум мешавад, ки Аҳмади Басрӣ бунёдгузори арўзи арабӣ буда, сохтори калимаҳои арабӣ, овозҳои ҳамсадо, садонокҳои кўтоҳ, хусусиятҳои сифатию миқдории онҳоро нишон додаст. Тадқиқи системанок ва мукаммали грамматикаи забони арабӣ дар китоби Сибавайҳ – «Ал-китоб» дода шудааст. Муаллиф

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо