Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маълумотҳои парокандаи марбути забони арабиро ба як низоми муайян дароварда, меъёри забони адабӣ ва истилоҳоти марбути забоншиносиро ҳам муқаррар намуда, ба низом даровардааст. «Ал-китоб» аз 568 фасл иборат буда, роҷеъ ба бисёр масъалаҳои забони арабӣ маълумот медиҳад.
Муаллиф 39 ҳарфи арабиро нишон дода, аз рўйи тарзи тавлид ба 26 навъ ҷудо кардааст. Овозҳо – фонемаҳоро аз рўйи тарзи талаффузашон ба чор гурўҳ: ором талаффузшаванда, ба монеаҳо дучоршаванда, пўшидаталаффуз ва кушодталаффуз ҷудо кардааст. Сибавайҳ ҳиссаҳои нутқро мисли забоншиносони дигари араб ба се гурўҳ ҷудо кардааст: исм, феъл ва ҳуруф. Исмро ба муайяну номуайян, хосу ҷинс, ошкору (исмҳои аслӣ) ниҳон (ҷонишинҳои шахсӣ), умумӣ (ҷонишинҳои ишоративу нисбӣ) ҷудо намудааст. Забоншиносони араб грамматикаи забон: наҳв, сарф ва ҳуруфро дохил намудаанд. Дар мактабҳои забоншиносии Басра, Куфа, Бағдод забоншиносони зиёда аз кишварҳои тобеи Хилофат ҷамъ омада буданд. Мактаби грамматикии Басра ишороти фориқ (аломатҳое, ки барои фарқи овозҳои гуногуни бо як ҳарф ифодашаванда, ки аз поён ё аз болои ҳарф гузошта мешавад) ва аломатгузории эъроби калимаро насиби мактаби грамматикии Куфа гардонид. Дар таълифоти забоншиносони Басраю Куфа истилоҳоти зиёди грамматикиро истифода бурдаанд, ки муодили онҳо дар забоншиносии тоҷик инҳоянд: ишораҷонишин, ҷонишини ишоратӣ, тарзи фоилии сифати феълӣ, ҷонишин, пуркунанда, зарф, масдари мутлақ, бадал, алоқаи ҳамроҳӣ, тамйиз (фарқкунанда, маҳдудкунанда), ҳиссачаҳои инкорӣ, тасрифшаванда, ҳиссачаҳои таъкидӣ. Дар рушду нумўи забоншиносии араб саҳми донишмандони мактаби грамматикии Бағдод (Ибн Кайсон, Аз-Зуҷоҷӣ, Абулаӣ алфорисӣ, Ибн Ҷиннӣ), мактаби грамматикии Андалус (Ал-Аълам аш- Шантамарӣ, Ибн ас-Саййид, Ибн-ал-Бозиш), мактаби грамматикии Миср (Валлод ибн Муҳаммад ат-Тамимӣ, Муҳаммад ибн Валлод, Ал-Ҳуфт) низ зиёд аст.
Мактаби лингвистии Женева – яке аз мактабҳои тамоюли сотсиологӣ дар забоншиносӣ, ки ба ғояҳои «Курси забоншиносии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо