Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фонетикии садонокҳо истифода мешаванд. Нишонаҳо – аломатҳои фарқкунандаи садонокҳои тоҷикӣ дар ҷадвали зер:

қатор
пеш омехта қафо
бардошт
боло и у
миёна э ў о
поён а

Алфози мутародифа – калимаҳои гуногуни ҳаммаъно: гаҳвора – маҳд, ахтар – ситора.
Алфози ширкат: пешванди ҳам-: ҳамдард, ҳамхона, -дош (-тан): хоҷа
– хоҷатон (ҳамхоҷа), ҳамсоҳиб.
Аҷдид - калимаҳои якхелаи зидмаъно. Чунончи: бохтар – шарқ бохтар – ғарб; бебаҳо – беарзиш бебаҳо – арзишнок.
Амали гуфтор – амали мақсадноки (ҳадафманди) гуфтор, ки мутобиқи принсипҳо ва қоидаҳои рафтори нутқии ин ё он ҷамъият анҷом дода мешавад; воҳиди рафтори меъёрии нутқию иҷтимоӣ дар доираи ҳолати прагматикӣ (асолати амал). Хусусияти асосии амали гуфтор тасмимгирӣ ва ҳадафмандист. Муҳаққиқон амали гуфторро бо ҳамбастагии ҳаёт ва фаъолияти ҳаётии инсон баррасӣ намудаанд, ки аз таълимоти Гегел бармеояд: «нутқ (гуфтор) моҳиятан амалест, ки дар байни инсонҳо ба амал меояд».
Аморфӣ (юн. amorphous аз а- - бе-+morphē-шакл). Забонҳои бешакл ҷудокунанда, решагӣ. Забонҳое, ки пешванду пасванд надоранд ва маънои дастурӣ (ҳолат, шумора, шахс, замон…) ё бо роҳи ҳамроҳшавии (пайвастшавӣ) калимаҳо ё тавассути калимаҳои ёридиҳанда ифода меёбад. Забони хитоӣ (чинӣ) намунаи забони бешакл аст.
Амфиболия (юн. Amphiholia – духўра; думаъноӣ). Ифодае, ки онро ду хел маънидод кардан мумкин аст: Мурда дар дарё, шал ғам мехўрад;

пешина
аз 389
навбатӣ