Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Мурда дар дарё шалғам мехўрад. Дар нутқи шифоҳӣ дар заминаи тартиби калимаҳо амфиболияи синтасисӣ ба вуҷуд меояд:
Ман чой намехўрам, маёред (май оред), Ман чанг намезанам, наёред (най оред). (М.Ҳ).
Ифодаи духўрагии маъно ҳангоми ба ҳиҷоҳо тақсим намудани ҳиҷоҳои калимаҳои сохтаю мураккаб ба вуҷуд меояд:
Се бор бигуфтамат, ки себ ор ба ман, Аз боғи латофат ду себор ба ман,
Себ ор бигуфтамат, наовардӣ себ,
Эй ваъда хилоф карда се бор ба ман.
Анаграмма (юн. ana+gramma - ба воситаи ҳарф). Калима ва иборае, ки тавассути ҷойивазкунии ҳарфҳои ба таркиби калимаи дигар дохилшуда ба вуҷуд меояд: дуғуд, ҳарғраҳ, атоғота, нок-кон, зоғ-ғоз, роннор; - Ту ба ин чӣ мегўӣ, Ноҷқидос (Содиқҷон). – Боз номамро чапа гуфтӣ (А.Б.). Дар қироати матн вобаста ба оҳанг низ хусусияти чунин тарзи ифода ба вуҷуд меояд. Нависанда Раҳим Ҷалил Омаданд. – Нависанда, Раҳим Ҷалил омаданд.
Анализ (юн. analysis - ҷудокунӣ). Ҳамчунин Ниг.: Таҳлил. Аз ҷиҳати хусусиятҳои услубӣ мувофиқат накардани алоқаю робитаи грамматикии аъзоҳои ҷумла: Китобҳо дар ҷояш (дурусташ: дар ҷояшон), чойнику пиёлаҳо аз чирк тоза шудаанд, гарду чанги рўйи ин гилеми кўҳна камтар нест шуда, гулҳояш аён гаштааст. (Ҷ.И.). – Агар нависанда ба ҷойи гулҳояш аён гаштааст «аён гаштаанд» менавишт, хабар аз рўйи шумора бо мубтадо мувофиқат мекард.
Аналогия (юн. Analogia - шабоҳат). Бо таъсири унсурҳою қолабҳои сермаҳсулу интишорёфта ба унсурҳои каммаҳсул пайдо шудани қолабҳои нодиру камшумор. Истифодаи а. маънои дар фаъолияти нутқӣ ба кор бурдани намунаи сохторӣ ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани воҳидҳои навро дорад. Аналогия бешар дар нутқи гуфтугўӣ (хусусан гуфтугўи бачагон) мушоҳида мешавад: бендам (ба ҷои дидам), навистам (ба ҷои навиштам), чиндам (ба ҷои чидам). Чунончи, шакли савол (ба ҷои суол) аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё