Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

навиштаи аслии муаллиф, сухани аслии нависанда, ки дар шакли дастнавис ё чоп арзи вуҷуд дорад.
Мафҳум. Ифода, маънои тасаввуркардашуда, ки дар асоси хаёлот, андеша ба вуҷуд омадааст; маънои амиқи предметӣ надошта; ифодаи хаёлӣ, тасаввурӣ аст. Мафҳум ҳамчунин нуктаи куллӣ ё маъное, ки як калима ё намод дар зеҳни шахс дорад. Мафҳумҳо ҳамон маъниҳои интизоӣ ҳастанд,ки калимаҳо ва дигар воҳидҳои забон нишон медиҳанд.
Забоншиносон мўътақиданд, ки тамоми забонҳо метавонанд мафҳумҳои яксонро баён намоянд. Агарчи баъзе забонҳо барои баъзе мафҳумҳо, ки дар забонҳои дигар ҳаст, номҳои камтаре доранд. Тамоизе,ки забонҳо байни мафҳумҳои гуногун мегузоранд, низ мумкин аст мутафовут бошанд.
Маҷоз. Маҷоз суханро ба маънии аслӣ (ҳақиқӣ) не, ба маънои ғайриҳақиқӣ-кўчида кор фармудан аст. Чунончи, агар «дастам ба шохи баланди дарахт намерасад» гўем, ҳамаи калимаҳо ба маънои аслии худ омадаанд, вале агар бигўем, ки:
Дастам намерасад ба гиребони орзу, Зоғон хўранд меваи шохи баландро.
Ҳамаи калимаҳо дар мисраи якум ба маънои маҷозӣ омадаанд, зеро даст, ки ҷисмонӣ аст, ба орзу, ки исми маънист, намерасад ва орзу гиребон надорад. Дар мисраи дуюм, ки зоҳиран ғайри маҷозист, зеро дар ҳақиқат меваи шохи баландро, ки дастнорас аст, паррандагон мехўранд, аммо зоғи сиёҳ маънои маҷозӣ дорад, зеро меваи шохи баландро натанҳо зоғон, ҳамаи паррандагон мехўранд. Ин ҷо мурод аз зоғ сияҳтинатист, ки аз неъматҳои моддӣ ва маънавӣ баҳраманданд, вале одамони нек аз он маҳруманд.
Маъно – маънӣ, мафҳум: маънии калима, ба маънии маҷозӣ, ба маънии васеъ, аз лиҳози маънӣ. 1. Маънӣ, он чи ки предмети муайянро ифода мекунад (калима, аломат, ишора: маънои калимаро муайян кардан
– инъикоси бевосита ё бавоситаи предмет ва падидаҳои ҳаёти воқеӣ дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо