Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шуури одамон, ки бо қиёфаи овозии калима ифода карда мешавад, маъно ном дорад).
Маънои вобастаи фразеологии калима ҷудонопазир аст ва бо маънои ҷузъҳои дигари ифодаи рехта омезиш ёфта, ба маънои яклухт мубаддал шудааст: баланд бардоштан «тараққӣ додан»; пасту баланд «номураттабӣ», аз даст додан «гум кардан, бой додан».
Маънои грамматикии калима. Ҳар як калимаи забон, махсусан ҳиссаҳои мустақили нутқ маънои луғавию грамматикӣ доранд. Калима ҳамчун воҳиди луғавӣ дорои ин ё он маънои мушаххаси луғавист ва бо ёрии шаклҳои грамматикиаш муносибатҳои гуногунро ифода мекунад.
Масалан, «меравем» на танҳо амалу ҳаракати муайянро мефаҳмонад, балки инчунин ба ҳаракате далолат мекунад, ки он дар замони ҳозираояндаи сиғаи хабарӣ иҷро мешавад ва онро якчанд кас иҷро мекунанд.
Ҳамон маъноҳои умумие, ки ба маънои луғавии калима бевосита алоқа надоранд (зеро дар калимаҳои дигар низ (мехонем, мегўем, месозем) маънои грамматикист. Маънои грамматикӣ дар морфология маънои умумии калимаҳо ҳамчун ҳиссаҳои нутқ (масалан, маънои шаъйӣпредмети исм). Инчунин маъноҳои ҷузъии калимашакл ва калимаҳо, ки дар ифодаи категорияҳои грамматикӣ муқобили ҳамдигар қарор доранд (масалан, маънои ин ё он замон, шахсу шумора, шумора, ҷинсият).
Синтаксис дорои маънои мухобиротӣ-хабарист.
Маънои ишоратии калима. Маънои ишоратӣ шайъ ё хулосаеро зикр мекунад, ё онро фақат номбар мекунад. Чунончи, бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он, ҳамин, ҳамон ва шахсии ман, мо, исмҳои хоси Назар, Баҳром, Манижа, Варзоб, Самарқанд, Ому, Ванил танҳо ном ифода мешавад. Ин гуна калимаҳо дар забони тоҷикӣ танҳо ҳамчун воситаи ишорат-ном ифода мешаванд.
Маънои луғавӣ. Калимаҳо бо қиёфаи овозии доимию устувори худ ба системаи маъноҳои гуногун далолат мекунанд. Маъноҳои луғавии калимаҳо инъикоси бевоситаи ашё, ҳодисаҳо, воқеаҳои ҳаёти объективӣ ва муносибатҳои гуногуни байни онҳост. Маъноҳои луғавӣ чун образҳои

пешина
аз 389
навбатӣ