Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мешавад: а) барои ҷудо кардани калимаҳои ёридиҳанда (ҳиссача) дар номҳои хориҷӣ: O’Брайен; б) дар овонависии фонетикӣ барои ишораи комишавии овози ҳамсадо. Апостроф дар алифбои лотинии тоҷикӣ (1929– 30) ба аломати сакта (ъ) истеъмол меёфт: ja’ne – яъне, Sa’di – Саъдӣ, ba’d – баъд. Апостроф ҳамчунин пасванди ‘s, ки дар англисӣ барои нишон додани моликият ба исм мепайвандад. Мисол: Michael’s son.
Аппозития (лот. apposition – баёния. Ниг.: баёния).
Арабшиносӣ (Арабистика) – соҳаи семитология, маҷмўи фанҳои филологие, ки тамаддуни моддию маънавии халқҳои арабро дар алоқамандӣ бо забон меомўзад; ба маънои маҳдуд – як соҳаи забоншиносие, ки сохтор, корбаст – функсия ва инкишофу рушди забони адабии арабӣ ва шеваю лаҳҷаҳои онро меомўзад.
Арго (франс. argot). Забони махсуси баъзе гурўҳҳои иҷтимоию касбӣ, ки аз таҳрифи унсурҳои як ё якчанд забонҳои табиӣ иборат аст. Аргоро бештар бо мақсади пардапўшию пинҳон нигоҳ доштани предмети иртиботот ва чун воситаи канорагирии гурўҳе аз табақаҳои дигари мардум истифода мекунанд. Истилоҳи арго-ро бештар ҳамчун як тарзи муомилоти унсурҳои вобастагии табақотӣ низ ба кор мебаранд. Мас., дар байни дуздони русизабон. Асоси аргоро луғати махсусе ташкил медиҳад, ки дорои унсурҳои забонҳои хориҷӣ амсоли сиганӣ, олмонӣ мебошанд.
Арго тобеи қонуниятҳои умумии нутқи гуфтугўӣ буда, грамматикаи худро надорад. Арго аз жаргон бо он хусусияташ фарқ мекунад, ки оҳанги таҳқиркунанда надорад. Навъҳои гуногуни аргоро зикр менамоянд: аргои мактабӣ, аргои донишҷўён, аргои варзишгарон, аргои ҳунармандон, аргои дуздон, аргои киморбозон.
Арготизмҳо. Калимаю ибораҳое, ки хоси ин ё он арго буда, дар забони адабӣ бо мақсади услубӣ истифода бурда мешаванд.
Ареал (лот. arealis аз area – майдон, ҷо, фазо). Ҳудуди интишори ин ё он падидаҳои фонетикӣ (савтӣ), луғавӣ, дастурӣ. Ниг.: изоглосса.
Артикл (франс. Article аз лот. articulus – узв (аъзо) унсури грамматикие, ки дар забон бо ифодаи калимаҳои ёридиҳанда ё ванд

пешина
аз 389
навбатӣ