Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Архаизмҳои луғавию калимасозӣ. Калимаҳое, ки маънояшон маҳфуз мондааст, аммо қолаби калимасозиашон тағйир ёфтааст: падандар (падарандар), падид (падидор).
Архаизмҳои луғавию савтӣ. Калимаҳое, ки маънои пешинаашон маҳфуз мондааст, қолаби овозиашон тағйир ёфтааст: Урупо, Аврупо (Европа), Амрико (Америка), Ёқутистон (Якутия).
Архаизмҳои луғавӣ. Калимаҳои кўҳнашуда – аз истеъмол баромадае, ки дар забони муосир муродифҳои худро доранд: абў – падар, сулук – роҳ, равиш, тааб – ранҷ, падруд – видоъ, ангубин – асал, гўлахӣ – алавмон, шигифт – ҳайрат, тааҷҷуб.
Архаизмҳои семантикӣ (маъноӣ). Калимаҳое, ки дар забони муосир маҳфуз мондаанду маънои аввала-пешинаашон аз истифода мондааст.
Коргар – муассир, асаркунанда; ҷома – ҳама гуна матои нодўхта. Ҳоло коргар ба маънои коркун ва ҷома ба маънои либоси пахтагини рўйпўш истифода мешавад. Теъдоди муайяни калимаҳои аслан тоҷикӣ бо калимаҳои иқтибосии арабӣ ҳаммаъною муродиф шуда кўҳна шудаанд:
падруд-видоъ, пайк-қосид, пизишк-табиб. Ситабр – ғафс, дағал, висоқ – банд, қайд; вир – ёд, ҳофиза, дасам – равған, чарбу.
Асос. Қисми асосии калима, ки бо он маънои луғавии моддӣ алоқаманд буда, пеш аз морфемаҳои шаклсоз (анҷомаҳо) қарор дорад; воҳиди сатҳи дуюми морфологӣ, ки ҳангоми таҳлили сохтори калима зарур аст. Бандак ва вандҳои шаклсоз фурўгузор шаванд ҳам, маънои луғавии калима тағйир намеёбад: падари ман, падарам, падарон, мехонам, ме-хон-ӣ, ме-хон-ад. Дар забони тоҷикӣ ин гуна асосҳо мавҷуданд: 1) Асосҳои содаю рехта. Асосҳое, ки ба реша баробар буда, аз онҳо вандҳои мустаъмали имрўзаро ҷудо кардан мумкин нест: кўча, даст, сафед, сурх, ду, чор; хокистар, гиребон, мусича, душман, шўрбо, меҳмон… 2) Асосҳои сохта, ки бо пешванду пасвандҳо сохта шудаанд: нохост, нодон, ҳамзабон, даста, кўза, хонагӣ, хонадон, даҳум, бистум. А.-и сохта аз реша ва суффиксу префикс ташкил ёфта (панҷ-а, хирад-манд, но-дон, ҳам-шир-а)

пешина
аз 389
навбатӣ