Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(лабҳо) монанд мекунад. Калимаҳои боло ба шакли [шамбе], [замбўр], [замбар] талаффуз мешаванд. Монандшавии овозҳои нутқ ду навъ мешавад: комил ва ноқис. Мисолҳои боло намунаи монандшавии ноқисанд, зеро ин овозҳо танҳо аз як ҷиҳат: кори узви овозсоз монанд шудаанд. Дар монандшавии комил овозҳои нутқ ба ҳамдигар монанд мешаванд: бадтар [баттар], садто [сатто]. Аз рўи самташ ду навъи монандшавиро фарқ мекунанд: пешрав (прогрессивӣ) ва пасрав (регрессивӣ). Дар мавриди аввал овози баъдина ба овози пешина монанд мешавад. Дар монандшавии пасрав овози баъдина овози пешинаро ба худ монанд мекунад. Ҳамин тавр, дар ҳамнишинии ҳамсадо бо ҳамсадо фонемаҳои ҳамнишин аз рўйи кори садопардаҳо, кори узви фаъол (махраҷ), тарзи тавлид ва иштироки резонаторҳо ба ҳамдигар монанд шуда метавонанд. Дар таълифоти донишмандони пешин монандшавиро идғом гуфтаанд.
Ассонанс (аз франсавии assonance – ҳамоҳангӣ) - такрори садонокҳо дар як порча (байт ё ҷумла) истифода шудани айни як садонок ё ҳамҷинси он такрори садонокҳо ном дорад, ки ин падидаи услубиро дар забоншиносӣ ассонанс мегўянд. Чунончи, истифодаи садоноки э дар байти поён танҳо барои таъкиди номуайянии предмет нест, балки чунин имконият низ ба вуҷуд овардааст, ки калимаҳо дар натиҷаи такрори садои якнавохт оҳанги гўшнавозу тарабангез касб менамоянд:
Дилу ҷонро фидо кард ў,
Барои чашми ҷодуйе,
Ба зулфони суманбўйе,
Ба холу хатти ҳиндуйе.
Ҳамчунин дар назм ҳамоҳанг шудани овозҳо ё такрори якхелаи саонокҳо ҳамчун тарзи ифодаи услубӣ:
Доманаи кўҳ, лолаи анбўҳ,
Дар сари ман ҳавои ту зиёда карда.
Роҳ пур аз санг, маркаби ман ланг, Шавқи ту дар роҳи туам пиёда карда. (С.А.).

пешина
аз 389
навбатӣ