Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

(миёнванд). Аз рўйи вазифаашон аффиксҳоро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд:
- Аффиксҳои калимасоз низ, ки ба реша ё асос ҳамроҳ шуда, калимаҳои нав месозанд: подабон, омўзгор, парастор, дастӣ, падарона, оромона, бародарвор. 2. Аффиксҳои шаклсоз, ки барои сохтани шаклҳои калима иштирок мекунанд: хона-хонаҳо, хона-хонае, зебо-зеботар-зеботарин, мерав-ам. Аффиксҳоро вобаста ба дараҷа, мавқеи истеъмолашон ба сермаҳсулу каммаҳсулу бемаҳсул ҷудо мекунанд. Масалан, дар калимасозии исмҳои шахс пасвандҳои -чӣ (хизматчӣ, маърўзачӣ), -гар (ҳалвогар, савдогар, даъвогар) сермаҳсуланд. Пасвандҳои -бон (подабон, боғбон) каммаҳсул ва пасвандҳои -ор (куштор, гуфтор), -андар (падарандар), -ур (муздур, ранҷур), -вар (сарвар, шиновар) каммаҳсуланд.
Аффиксатсия – калимасозии вандӣ, ки вобаста ба мавқеи истеъмолаш ду навъ мешавад: 1. Префиксатсия – бо ёрии пешвандҳо сохта шудани калимаҳо: ҳамроҳ, ҳамсоя; бачаи бамаънӣ, ҷавони бофаросат. 2.
Суффиксатсия – бо ёрии пасвандҳо сохта шудани калимаҳо: омўзгор, подабон, гандумгун, хоксор, тавонгар.
Аффриката (лот. affricate – молишёфта) - ҳамсадои мураккаб, ки аз ду ҷузъ (ибтидои зич ва интиҳои роғ)-и дар як мисраъ ҳосилшуда таркиб ёфтааст. Масалан, дар забони русӣ «ц» (аз т ва с), дар забони тоҷикӣ «ҷ»
(аз д ва ж) ва «ч» (аз т ва ш) А. мебошанд, ки аз ду ҷузъ иборат буда, дар як махраҷ (дар қисми пеши забон дар натиҷаи ба бехи дандонҳои боло расидани нўги забон) ба амал омадаанд А.-ҳо аз таркиби овозҳои дигар (мас., кш, пж ва ғ.) бо он фарқ мекунанд, ки: 1) алоқаи ҷузъҳои онҳо ниҳоят зич аст ва ҳамчун як овоз дарк мешаванд; 2) ҷузъи дуюм (роғ)-и онҳо кори иловагии узвҳои нутқро талаб намекунад. Барои ҳосил шудани А. фақат давомнокии вазъияти узвҳои нутқ зарур аст. Аффрикатаҳо ҳамсадоҳои зичи рахнадоранд. Фонемаҳои ҷ ва ч-ро гарчи ҳамсадоҳои мураккаб меноманд, онҳо ду овози мустақил нестанд, зеро: а) аз ин овозҳо таърихан аз як ҳамсадои зич пайдо шудаанд, б) ҳар ду ҷузъи онҳо ба воситаи як узви фаъол – пеши забон сохта мешаванд, в) ду марҳилаи тавлиди онҳо (ҳамоиш ва раҳоиши онҳо) ду марҳилаи як ҷараён аст, г) тамдид ё дарозии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё