Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

лафз, яъне ба шакл иртибот дорад, аз ин рў дар муқобили маънии бадеъ лафзи фасеҳро ҳам ба кор бурдаанд. Гўянда бо санъати фасоҳат ба суханаш рангубор ва тароват медиҳад. Равонию нафосати суханро фасоҳати калом ва қобилияти каломи фасеҳ доштанро фасоҳати мутакаллимин гуфтаанд.
Фаъолияти нутқ – 1) Яке аз ҷиҳатҳои сегонаи забон ҳамзамон бо муташаккилии нутқ ва «низоми забон» ва «маводи забонӣ», ки маҷмўи амалҳои гуфтору даркро дар бар мегирад».
Феъл. Ҳиссаи мустақили нутқест, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал муфаҳмонад ва дорои категорияҳои хоси худ мебошад.
Масалан, чунин феълҳо амал, кору ҳаракатро ифода мекунанд: кор кардан, давидан, омадан, рафтан, хондан: Духтарҳо ўро дида, аз ҷо бархостанд (Ҷ.И.). Ифодаи ҳолат: истодан, хобидан, сукут кардан, пинак рафтан: Ман ташна мондам, амакҷон, камтар об ёфта диҳед (Р.Ҷ.).
Ифодаи вазъият ва тағйири аломат: сабзидан, дигар шудан; тағйир ёфтан:
Ҳамаи ин гуфтугўҳо ба Мирак сахт мерасид (Ҷ.И.). Ифодаи муносибат (ба касе ё чизе): дўст доштан, иззат кардан, бад дидан: Ҳама ба ҳамин қарор розӣ шуданд (Ҷ.И.). Амал, ҳолат, вазъият ва муносибат бо категорияҳои грамматики шахс, шумора, намуд, замон, сиға, тарз ифода меёбад.
Феъли ҳол. Шакли феълие, ки амал ва ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ ифода менамояд. Феъли ҳол ҳамчун феъл аломатҳои зерин дорад: гузаранда ва монда, намуди давомнокиро ифода карда метавонад.
Маънои замонро ифода намудани шаклҳои феъли ҳол бо намуди феъл вобаста аст: Дам бадам поездҳо дуру дароз ҳуштакзанон, гумбурросзанон мегузаштанд (А.Д.). Феъли ҳол хусусияти вобастакунӣ дорад. Вай калимаҳои дигарро ҳамчун феъл вобаста карда метавонад: Яке аз дарбориён ба сўи ҳамён ишоракунон пичиррос зад (С.У.).
Феъли фармоиш. Феъли фармоиш замони ояндаро ифода мекунад ва фақат шахси дуюми танҳою ҷамъ дорад, ки шахси танҳои он асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: паз-пазед, рав-равед. Ин шакли феъл бо пешванди шаклсози би- омада метавонад: бирав, бигир:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор