Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гуфт: Ҳайдарқулро соати чори саҳар омада ҷеғ зада буданд (Ҷ.И.); Одамон ба қишлоқи якдигар арўс медоданд, арўс мегирифтанд (Ф.М.). 2.
Феълҳои нақлӣ. Феъли нақлӣ амалеро мефаҳмонад, ки фоилаш дар бораи вуқўи он на ҳамчун шоҳиди бевосита, балки аз рўи шунида ва сарчашмаҳои дигар сухан мекунад: дидааст, омадаанд, гуфта будааст, мехондааст, гуфта мегаштааст. Ҳамаи феълҳои нақлӣ ба шаклу замони гузашта сохта шуда бошанд ҳам, маънии замонии онҳо маҳдуд нест.
Маънии нақлии замони гузашта, ҳозира ва ояндаи феъл дар ҷумла бо худи шакли феълӣ ифода шуда метавонад: Ҳеҷ чиз нашудааст, танҳо аз ҳамон ясавули шумқадам андак тарс хўрдааст (С.А.); Бузкашӣ ҳам мешудааст
(Ф.М.).
Филология (юн. philologia – сухандўст, донишдўст), маҷмўи илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғ., ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияту фарҳанги инсониятро омўхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Бунёду асоси таҳқиқи филологияро матн ташкил менамояд ва чунин таҳқиқ ду ҷанба дорад:
ҷанбаи маҳдуд, ки ба омўзиши ҷиҳатҳои шаклӣ ва зоҳирии матн, дигаре ҷанбаи васеъ, ки ба мазмуну мундариҷаи матн алоқаманд аст. Аввалин намунаҳои филология дар Ҳиндустон (донишманди Палини ва Патанҷали) ба зуҳур омадааст. Анъанаҳои филологияи Ҳиндустон ва Юнон дар мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб идома ёфтанд. Давраи инкишофи баъдинаи филология дар Аврупо ба аҳди эҳё марбут аст. Дар асрҳои 17–18 филология тадриҷан ҳамчун илм ташаккул ёфта, омўзиши ҳамаҷонибаи тамаддуни бостонӣ мавзўи асосии он қарор гирифт.
Филологияи тоҷик низ таърихи деринае дорад. Муҳаққиқон таърихи пайдоиш ва ташаккули филологияи тоҷик ва халқҳои дигари эронинажодро ба асрҳои 3–6, давраи тарҷума ва тафсири Авесто нисбат медиҳанд. Дар ҳамин давра баробари асарҳои бадеӣ, динӣ, фалсафӣ, ҷуғрофӣ ва ғ. ду фарҳанги муҳим («Фарҳанги паҳлавӣ» ва «Фарҳанги оимевак») ба миён омаданд.

пешина
аз 389
навбатӣ