Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

кардан аст (Р.Ҷ.). Феълҳои ёридиҳандаи будан, истодан, гаштан, шудан дар таркибҳои гуногуни феълӣ омада, барои ташкили шакл ва ифодаи категорияҳои грамматикии феъл (тарзи мафъул, намуди давомдор, замони гузаштаи дур хизмат мекунанд: Офтоби оламтоб ҳам… дар қабати абрҳо пинҳон шуда буд. Боз диққати ҳама ба тарафи хат кашида шуд
(Ҳ.К.).
Феълҳои ҳаракат. Феълҳое, ки аз як сў ба сўи дигар, маъмулан, аз назди гўянда ба ҷониби дигар ё баръакс, аз дигар сў ба ҷониби гўянда омадан ё рафтани предметро мефаҳмонанд. Чунин феълҳо дар ду шакл (бевосита: давидан, бавосита: давондан) ифода меёбанд: гаштангардондан, паридан-паррондан, кашидан-кашондан, омадан-овардан, тохтан-тозондан, гурехтан-гурезондан.
Феълҳои таркибии феълӣ. Феълҳое, ки ҷузъҳои таркибиашон аз шаклҳои гуногуни феълӣ иборат буда, ҳамчун як воҳиди луғавӣ ё грамматикианд. Яке аз ҷавонҳои мо аз кифташ сахт лат хўрда, маъюб шуд, чанд моҳ дар табобатхона хоб карда баромад (Ф.М.); Осуда бошед, баъд аз ду ҳафта, тамоман сиҳат шуда меравед (Ҳ.К.).
Феълҳои тасрифӣ ва ғайритасрифӣ. Феълҳои тасрифӣ бо бандакҳои шахсии феълӣ ва хабарӣ тасриф мешаванд. Чунин феълҳо дорои категорияҳои шахсу шумора, тарз, намуд, замон ва сиғаанд, ки дар ҷумла маъмулан ба вазифаи хабар меоянд. Масдар, сифати феълӣ ва феъли ҳол шаклҳои тасрифнашавандаи феъланд. Ин гурўҳ дорои аломатҳои феълӣ ва хусусиятҳои ҳиссаҳои номии нутқ мебошад.
Феълҳои шуҳудӣ ва нақлӣ. Феълҳоро аз рўи муносибати фоил ба маънои иҷрои амал ва ҳолату вазъият ба ду гурўҳи калон ҷудо мекунанд:

  1. Феълҳои шуҳудӣ. Феълҳое, ки дар иҷрои амал ва оғозу анҷоми он ҳамчун шоҳиди кору ҳол муносибат доштани фоил – гўяндаро мефаҳмонанд, феълҳои шуҳудианд. Бештарини шаклҳои замони гузашта, замони ҳозира ва оянда, ки маънои чун шоҳиди амал сухан кардани фоилро ифода мекунанд, феълҳои шуҳудианд: баргаштам, наомад, фаро гирифтанд, мехондем, идора мекард, рафта истода буд, меравем, хоҳанд
пешина
аз 389
навбатӣ