Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

инкишоф дорад ва дар ин давраҳо шаклҳои гуногун дошт. Хати нави гурҷӣ дар асоси хати нусхури (пайдоишаш а-ҳои 9-11) инкишоф ёфта, пас аз маъмул гардидани чопи китоб (1709) такмил ёфт. Хати муосири гурҷӣ фонологӣ буда, аз 33 аломат (5-то барои садонокҳо ва 28-то барои ҳамсадоҳо) иборат аст. Дар матнҳои чопӣ ҳарфҳои калон истифода намешаванд.
Хати ибронӣ, хати яҳудиёни қадим ва ҳозираи ба забони ибронӣ (иврит), идиш, ладино (ибронӣ – испанӣ) гуфтугўкунандаро гўянд.
Мувофиқи маълумоти таврот ин хат дар а. 11 то м. вуҷуд доштааст. Осори қадимтарини хати ибронӣ Тақвими гезерист, ки ба а. 10 то м. мансуб аст.
Ин тақвим ба алифбои канъонӣ (ба хати финиқӣ қаробат дошт) мураттаб шудааст. Дар миёнаи а. 5 то м. гузариш ба хати оромӣ (мураббаъ) оғоз ёфт. Ва ин хат бо баъзе тағйирот ҳоло ҳам дар истифода аст. Хати ибронӣ аз рост ба чап навишта мешавад. Номи ҳуруфи ибронӣ ба забони ибронии имрўза чунин аст: алеф, бет, гимал, далет, ҳе, вов, зайн, ҳет, тет, йот, коф, ломед, мем, нун, самех, айн, пе, цаде, қоф, реш, шин ва син, тав. Ин номҳо аз алифбои қадимтарини сомии ғарбӣ, ки хатҳои угаритӣ, финиқӣ, юнонӣ ва ғ. аз он ба миён омадаанд, гирифта шудаанд. Ҳангоми истифодаи хати ибронӣ дар забонҳои сомӣ садонокҳо дар хат истеъмол намешаванд. Дар забонҳои ғайрисомӣ – иди шазабони романии ладино, забони қароимӣ (туркӣ), ки аз хати ибронӣ истифода мебаранд, садонокҳо вуҷуд доранд.
Ғайр аз хати мураббаъ, анвои дигари хати ибронӣ аз қабили хати Рашӣ (хати тафсири Таврот ва талмуд, хати райч ё «занона») хати чопии идиши а-ҳои 15–19 хати сефарди (яҳудиёни испания истифода мекарданд), хатҳои Марокашӣ, италиявӣ ва ғ. маълуманд. Дар матнҳои динӣ барои талаффузи дурустро риоя кардан системаи мураккаби аломатҳои китобатӣ, дар хати ибронӣ асосан аломатҳои китобатии европоӣ маъмуланд.
Хати идеографӣ (юн. idea – ғоя, фикр ва графия), навъи хат, ки аломатҳои он ба мисли хати овозӣ ва ҳиҷоӣ на овозҳо ва ҳиҷоҳо, балки калимаҳои яклухт ё қисмҳои маънодори калимаро ифода мекунанд. Хати

пешина
аз 389
навбатӣ