Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

шумерӣ ва хитоӣ намунаи хати идеографӣ мебошад. Шаклҳои қадимаи хати идеографӣ дар асоси хати тасвирӣ ба вуҷуд омаданд ва аввалҳо зоҳиран аз он фарқе надоштанд. Дар хати тасвирӣ тасвир танҳо предмети конкретиро мефаҳмонад (чашм, пой, хорпушт), дар хати идеографӣ бошад мафҳумҳои муҷаррадро ифода мекунад (чашм – «зиракӣ», «ҳушёрӣ», ду пой – «рафтан», «гардиш», хорпушт – «хасисӣ»). Дар хати ҳозира баъзе ҷузъҳои хати идеографӣ боқист (рақамҳо, формулаҳои математикӣ ва химиявӣ, аломатҳои китобатӣ).
Хати майя, хати яке аз халқҳои сокини Америка (қисми Мексика, Гондурас, Гватемала),ки ҳазораи 1 то м. то а. 16 маданияти боеро ба вуҷуд овардааст. 3 навиштаҷоти калон (ба а-ҳои 12-15 дахл доранд) ва навиштаҷоти зиёде дар рўи сангҳо ба хати майя боқӣ мондааст.
Рамзкушоии хати майя дар оғози солҳои 50 аз тарафи олими советӣ Ю.В.Кнорозов шурўъ шудааст (с. 1977 вай барои ин кор сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид). Вай исбот намуд, ки хати майя иероглифӣ (ниг.: иероглиф) мебошад. Он дорои 350 аломат аст, ки чанде аз онҳо калимаҳову морфемаҳо (баъзеашон овозҳои ҷудогона) ва таркибҳои овозиро ифода мекунанд. Барои таъини маънии баъзе аломатҳои хати майя детерминатҳо (аломатҳои таъини маъно) истифода мешаванд.
Хати мехӣ, хаттест, ки ба роҳи дар тахтачаҳои гилин кашидани хатчаҳои мехмонанд ба вуҷуд омада, дар Осиёи Пеш (давлати Шумер) маъмул буд. Он дар асоси хати тасвирӣ (пиктография) пайдо шудааст. Дар натиҷаи инкишофи минбаъдаи хати мехӣ аломатҳо (тасвирҳо) барои ифодаи ҳиҷоҳо истифода мешуданд ва дар ҳамин асос хатҳои ҳиҷоиву калимаӣ (ниг.: хат) бамиён омаданд. Самти хати мехӣ дар оғози пайдоишаш амудӣ, аз рост ба чап буд, баъдтар сатр ба сатр (уфуқӣ) аз чап ба рост шуд. Аккадҳо (бобулиён ва ошуриён) дар миёнаи ҳазораи 3 то м.
хати мехиро ба забони худ мутобиқ сохта, шумораи аломатҳои онро ба 300 расониданд. Системаи аккадии хати мехӣ берун аз ҳудуди Байнаннаҳрайн интишор ёфт ва ба забонҳои эламӣ, хурритӣ, хеттӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор