Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

алоқаашон бо аъзоҳои дигари ҷумла аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо муносибатҳои гуногун: аломат, соҳибият, мафъули амал, замон, макон, сабаб, шартро ифода намуда, барои пурратар баён кардани фикр ёрӣ мерасонанд. Аъзоҳои пайрав дар ташаккули ҷумла ва сохтори наҳвии он саҳму нақши зиёд доранд. Агар муайянкунанда бар эзоҳи аъзоҳои ҷудогона ояд, пуркунандаҳои бавосита ва баъзе хелҳои ҳол бо мундариҷаи тамоми ҷумла робита пайдо намуда, ҷузъи муҳими сохтории ҷумла ҳисоб мешаванд. Муайянкунанда бештар дар таркиби ибора ҳамчун ҷузъи эзоҳдиҳанда хизмат мекунад ва бо ибора алоқаманд аст.
Пуркунанда ва ҳол ҷузъи сохтории ҷумла буда, маъною вазифаҳои наҳвии онҳо бештар дар ҷумла зоҳир мегардад. Аъзоҳои пайрав муносибатҳои муайянкунандагӣ, мафъулӣ ва ҳолиро ифода намуда, аз рўйи маъною вазифаашон бо сараъзоҳо (мубтадою хабар) муносибати наздик пайдо мекунанд. Муайянкунанда бештар бо мубтадо, пуркунанда ва ҳол мафъули (объекти) амал ва аломат, замону макон, сабабу мақсадро мефаҳмонад ва бо хабар алоқаи маъноию грамматикии қавӣ дорад.
Аъзоҳои тафсилии ҷумла - аъзоҳое, ки дар таркиби ибораҳо бо калимаҳои эзоҳдиҳанда омадаанд: Суханҳои қабеҳтарини кўчагӣ бе ҳеҷ гуна андешае (ҳоли тарзи амали тафсилӣ) ба унвони Саодат (пуркунандаи тафсилӣ) гуфта мешуданд (Ҳ.К.).
Аъзоҳои чидаи ҷумла - ҷумлае, ки дар он аз ду зиёда мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда ё ҳол ба алоқаи пайваст омада, бо аъзоҳои дигар муносибати якхелаи маъноию грамматикӣ пайдо мекунанд. Дар байни аъзоҳои чида алоқаи пайваст вуҷуд дорад, ки он бо ёрии оҳанги пайваст ва ё оҳангу пайвандакҳои пайвасткунандаи пайиҳам, хилофӣ ва ҷудоӣ ифода меёбад. Дар ифодаи аъзоҳои чида таносуби сухан, алоқаи маъноии калимаҳо аҳамияти калон пайдо мекунад. Аъзоҳои чида инчунин аз ҷиҳати оҳанг, вазну қофия ҳам бо якдигар таносуб пайдо мекунанд:
Қади навраста, рўйи хуҷаста, зулфи шикаста, ҳама бо якдигар шинам, ҳама бо якдигар зебанда афтида буданд (С.А.). Воҳиди хулосакунанда пеш аз аъзоҳои чида омада бошад, пас аз он аломати баён (:), баъди аъзоҳои

пешина
аз 389
навбатӣ