Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

чида омада бошад, пеш аз он аломати тире (–) гузошта мешавад. Аз сўйи қишлоқ овози ҳайвонот: бузу гўсфанду гову хару асп шунида мешуд; Шариф, маҳмуд ва Муқим – ҳар се аз маҷлиси ҷавонҳо баромада, ба идораи шўрои ҷамоа равон шуданд (Ҷ.И.).
Аъзоҳои эзоҳдиҳандаи ҷумла - аъзоҳои ҷумла, ки маънои номуайянии калимаҳои эзоҳшавандаро эзоҳ медиҳанд: яъне, масалан, чунончи, монанди: Баъзан дар бораи сагҳои газандае, ки ба ҳардуяшон, яъне ба падарам ва бародарам ҳамла карда, онҳоро аз ким-кадом дару дарвозаҳо рондаанд, гап мезад (С.У.).
Б
Бадалшавӣ - ҳодисаи ба ҳамдигар табдил шудани овозҳои нутқ дар таркиби як калима дар мавридҳои истеъмоли он. Ҳамаи бадалшавиҳо ба шароитҳои гуногуни фонетикӣ алоқаманданд, аммо вобаста ба гузашти замон вобастагии онҳо ба ҳолатҳои фонетикӣ аз байн меравад ва бадалшавӣ аз рўйи анъана сурат мегирад. Ду навъи бадалшавиро фарқ мекунанд: аз бадалшавии анъанавӣ ё таърихӣ ва б) бадалшавии зинда. Дар бадалшавии таърихӣ садонокҳою ҳамсадоҳо иштирок мекунанд: 1.
Бадалшавии садонокҳо: у//а: бурд-бар, пухт-паз; у//о: супурд-супор, будбош, намуд//намо; ў//у: шўй-шуст, гўй-гуфт. 2. Бадалшавии ҳамсадоҳо:
з//хт: дўз-дўхт, сўз-сўхт, соз-сохт; в//ф: ков-кофт, рав-рафт; р/шт: дор-дошт, гузор-гузошт. Бадалшавии зинда ё фонетикӣ ду навъ дорад: а) бадалшавии ҳамнишинӣ дар натиҷаи мутобиқату мувофиқати фонемаҳои ҳамнишин ба вуҷуд меояд, ки он натиҷаи падидаи монандшавӣ мебошад:
зудтар [зуттар], афғон [авғон], аз сар [ассар], аз худ [асхуд]; б) бадалшавии мавқеӣ ба мавқеи ҳамсадо дар калима ва омилҳои дигари талаффуз вобаста аст: кабуд [кабут], санҷид [санҷит].
Баён (ифода) – ин ё он тарзи ифодаи нутқ ба монанди ифодаи образнок.
Баёния чун аъзои пайрави ҷумла – муайянкунанда бо исмҳо ифода ёфта, предметро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ медиҳад. Баёнияҳо сифат ё хусусият (Оймуллои Танбур, Муҳаррами Ғарч, Салими Садкора), машғулият ва касбу кор (Аҳмадҷони Машкоб, Ҳасани Аробакаш) вазифа, рутба, унвонҳои илмиро мефаҳмонанд (академик Мирзоев, нависанда Сотим Улуғзода). Баёния ва аъзои эзоҳшаванда тавассути алоқаи изофӣ ва ҳамроҳӣ сурат мегиранд: Амаки духтур дурўғ гуфт, додо (Сорбон); Майор Давлатовро дидан замон шинохт ва пас аз саломи вай алек гирифтан аз пеши мизи кори худ ба нишастгоҳ ишора кард (Ф.Н.).
Баёнияҳо аз ҷиҳати алоқаи худ бо муайяншаванда се хел мешаванд: а) баёнияҳои беизофа, ки маъмулан бо калимаҳои исмӣ дар як таркиб меоянд: ака-Шариф, Қорӣ-Нурулло, амир Темур; б) баёнияҳои изофӣ, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё