Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Самти хати паҳлавӣ аз рост ба чап буд. Дар хати паҳлавӣ лигатураҳо (ҳарфҳои васлшуда) ва ҳузвориш ба кор бурда мешуданд.
Хати портӣ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони портӣ истифода бурда мешуд. Алифбои портӣ тамоми 22 ҳарфи хати оромиро бо баъзе тағйирот дар бар мегирифт. Шакли ҳарфҳо дар катибаҳои сафолпораҳо,ки аз Нисо, Камис ва Қўшатеппа ба даст омадаанд, ба хати «империягии оромӣ» (хате, ки давлати Ҳахоманишиён истифода мебурданд, асрҳои 6-3 то м.) монанд мебошанд. Бисёр ҳарфҳо дар навишт шаклҳои гуногун доранд. Хати портӣ ду навъ аст: қадим ва нав. Дар хати порти нав барои фарқи ҳарфҳои d ва r, ки тарзи навишташон як хел аст, дар зери d аломати диакритикӣ мегузоштанд. Дар хати портӣ ҳузворишҳо фаровонанд, ки ба калимасозии хати «империягии оромӣ» дар дабирхонаҳои Ҳахоманишиён мансубанд. Аз давраҳои қадимтар (то Сосониён) осори кам боқӣ мондааст. Навиштаҷоти асосии портӣ дар давраи Сосониён ба миён омадаанд (Катибаи Пайкулӣ, Катибаҳои Шопури 1).
Хати рост, як мафҳуми асосии геометрияро гўянд. Ҳангоми аз нуқтаи назари геометрия баён кардани ягон ҳодиса хати рост чун як мафҳуми ибтидоӣ истифода мешавад.
Хати суғдӣ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони суғдӣ истифода шудааст. Дар асоси хати оромӣ ҳазораи 1 то м. дар Суғди Қадим ихтироъ шуда, 23 аломатро дар бар мегирифт. Нахустин осори он ба а. 1 то м. мансуб аст. Аломатҳои хати суғдиро нахустин бор олими франсавӣ Р.Готьо транслитератсия кардааст. Дар хати суғдӣ аввалҳо ҳарфҳои ба якдигар васлшуда (лигатураҳо) кам буданд, ҳар як ҳарф тарзи навишти ҷудогона дошт ва онҳоро аз якдигар ба осонӣ фарқ кардан мумкин буд.
Дар авали садаи 6 «хати сутра» - хати шикастаи номукаммали суғдӣ ташаккул ёфт, ки то а. 10 маъмул буд. Ба ин хат осори дини буддоӣ навишта шудааст. Хати шикастаи мукаммал тақрибан миёнаи асри 8 ба вуҷуд омадааст. Ба он ҳуҷҷатҳои кўҳи Муғ, катибаҳо аз Афросиёб, Панҷакент, осори динҳои буддоӣ ва насронӣ навишта шудаанд. Дар хати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор