Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

шикаста ҳарфҳои восила зиёдтар истифода гардида, аломатҳоро аз якдигар фарқ кардан мушкилтар аст. Шикастаи мутааххири хати суғдӣ,ки баъзан онро «суғдии уйғурӣ» ва ё «уйгурӣ» мегўянд, асрҳои 9–11 ташаккул ёфтааст. Дар шикастаи мукаммал ва хати «суғдии уйғурӣ» барои аз якдигар фарқ кардани ҳарфҳо аломатҳои диакритикӣ (нуқтаҳову аломатҳо дар зеру болои ҳарфҳо) маъмул гардидаанд. Истифодаи аломатҳои диакритикӣ ба ихтиёри котибон буд. Ба ғайр аз хати умумисуғдӣ боз ду навъи хати суғдӣ (хатҳои маҳаллӣ) маъмул буд, ки яке аз онҳоро бухороӣ (навиштаҷоти расмии давлатӣ) ва дигарашро истаравшанӣ (катибаҳои рўи зарфе аз Мунҷоқтеппа ёфтшуда) номидан мумкин аст. Дар ин ду маҳал ба ғайр аз хатҳои зикршуда хати умумисуғдӣ истеъмол мешуд. Осори маълуму машҳури хати суғдӣ сиккаҳои а. 1 то м., «Номаҳои бостон», порчаи афсона дар бораи рустам, асари буддоии «Весантра-ҷатака», Ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ, катибаҳои Афросиёб, Панҷакент мебошанд.
Хати суриёнӣ, хатест, ки барои сабти осори забони суриёнӣ истифода мегардид. Дар заминаи хати оромӣ пайдо шуда, ба монанди он
22 ҳарфи ҳамсадоро дар бар мегирифт. Дар осори хаттии мансуб ба асрҳои 1-2 ҳарфҳо аз якдигар ҷудо ва равшану хоно навишта шудаанд. Вале баъдтар ҳарфҳои ба якдигар васлшуда зиёдтар гардиданд. Ин тарзи хат махсусан дар дастнависҳо бештар ба назар мерасад. Машҳуртарин шакли хати суриёнӣ эстрангело ё эстрангела мебошад, ки миёнаи ҳазораи 1 маъмул буд. Баъдтар (тақр. с. 489) забон ва хати суриёнӣ ба ду шоха – настурӣ ва яъқубӣ (серто) тақсим гардид. Шохаи настурии хати суриёнӣ дар ш.Нисибияи тобеи давлати Форс, шохаи яъқубӣ дар ш.Эдесса мавриди истифода қарор ёфта буданд. Катибаи қадимтарини хати суриёнӣ (рўи санги мазор) ба с. 73, дастнавис (китоб)-и қадимтарини хати суриёнӣ ба с. 411 мансуб аст. Ба хати суриёнӣ аксар матнҳои суғдии насронӣ (Аҳди ҷадид, дуоҳо, сурудҳои мутантан) ва матнҳои насронии ба забони форсии нав навишташуда боқӣ мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор