Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳ
Ҳамвор шудани гўйишҳо. Ҳамвор шудани гўйишҳо ва баробар шудани гўйишҳо ба маънии муштарак шудан аст. Фароянди коҳиши тафовутҳои байни гўйишҳо, масалан вақте сухангўёни гўйишҳои мутафовут ба ноҳияи ҷадид мераванд ва гўйиши мавриди истифода дар он макон пас аз муддате ба сурати гўйиши муштарактар ва роиҷтари онҳо медарояд, ки камтар дорои вижагиҳои хоси гўйишҳои муҳоҷирин ба он макон аст. Баробар шудани гўйишҳо фароянди умдаи ташкили гўйишҳои мухталифи англисӣ назири гўйишҳои англисии амрикоӣ ва Нюзеланд будааст.
Ҳамгароӣ аз қисматҳои зерин иборати аст: 1. Равандишабеҳ шудани ду ё чанд забон ё чанд гунаи забонӣ ба ҳамдигар. Масалан, агар як гунаи забонӣ эътибор пайдо кунад, дар он сурат гўяндагони гунаҳои дигар мумкин аст талаффузи худро тағйир диҳанд, то ба гунаи мўътабар шабоҳати бештаре пайдо кунад ва низ вожаҳо ва сохторҳои дастурии гунаи мўътабарро бакор баранд. 2. Агар гўяндагони ду гунаи забонӣ бо ҳам дар حشرو нашр қарор гиранд, масалан бо ҳам ба як минтақа муҳоҷират намоянд, мумкин аст ҳарду гуна тағйир кунанд ва ба ҳам шабоҳати бештаре пайдо кунанд.
Ҳамсадоҳо. Овозҳои ҳар як забонро ба садонокҳою ҳамсадоҳо ҷудо мекунанд. Забоншиносон, тафовути ду гурўҳи овозҳоро дар се замина:
ҳиҷосозӣ, тавлид ва акустикӣ нишон додаанд. Ҳамсадоҳо дар аксари забонҳо, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ қобилияти ҳиҷосозӣ надоранд. Аз назари тавлид ҳангоми талаффузи ҳамсадоҳо дар натиҷаи ба ҳамдигар расидан ё наздик шудани узвҳои овозсоз дар ин ё он ҷои дастгоҳи овозсозӣ дар пеши маҷрои ҳаво монеа ба вуҷуд меояд ва ҷараёни ҳаво ба он молиш хўрда, шавшуви ба ин ё он ҳамсадо хосро ҳосил мекунад. Муҳаққиқони савтшинос миқдори ҳамсадоҳои тоҷикиро иборат аз 24 фонема донистаанд: б, п, м, в, ф, д, т, з, с, ж, ш, ҷ, ч, л, р, н, й, г, қ, ғ, х, к, ҳ, ъ.

пешина
аз 389
навбатӣ