Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Аз рўйи кори узви фаъол ҳамсадоҳоро ба 4 гурўҳ ҷудо мекунанд: 1.
Ҳамсадоҳои лабӣ: б, п, м (лабулабӣ), в, ф (лабудандонӣ). 2. Ҳамсадоҳои забонӣ 14 фонемаро дарбар мегиранд:
а) ҳамсадоҳои пешизабонӣ: д, м, з, с, ж, ш, ҷ, ч, р, л, н; б) ҳамсадоҳои мобайнизабонӣ: й; в) ҳамсадоҳои бехизабонӣ: г, к.
3. Ҳамсадоҳои забончагӣ: ғ, х, қ; 4. Ҳамсадоҳои ҳалқӣ: ъ, ҳ.
Аз рўйи иштироки резонаторҳо ҳамсадоҳои тоҷикиро ба димоғию ғайридимоғӣ ҷудо мекунанд. Ҳамсадоҳои димоғӣ: м, н; ҳамсадоҳои ғайридимоғӣ: б, п, в, ф, д, т, з, с, ж, ш, ғ, х, й, ҷ, ч, л, р, г, к, қ, ҳ, ъ.
Вобаста ба иштироки лаҳн ва шавшув ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба се гурўҳ тақсим мешаванд: а) ҳамсадоҳои лаҳнӣ,ки дар таркиби худ шавшув надоранд: а) р, л, м, н, й; б) ҳамсадоҳои шавшувдор, ки аз лаҳн маҳруманд:
п, ф, т, с, ш, ч, к, х, қ, ҳ; в) ҳамсадоҳое, ки аз омезиши шавшув ва лаҳн иборат мебошанд: б, в, д, з, ж, ҷ, г, ғ.
Ба туфайли иштироки шавшув ва лаҳн дар тавлиди ҳамсадоҳо 16 фонемаи ҳамсадои забони тоҷикӣ дар ҳашт ҷуфти фонетикӣ муттаҳид шудаанд: б-п, в-ф, д-т, з-с, ж-ш, ҷ-ч, г-к, ғ-х. Ҳамсадоҳои беҷаранги қ, ъ, х ва лаҳнии м, н, л, р, й ҷуфти мувофиқ надоранд.
Ҳарф. Аломати графикие, ки дар таркиби алифбои ин ё он забон барои ифодаи овозҳои нутқ (фонемаҳо) хизмат мекунад: ҳарфи садонок, ҳарфи ҳамсадо; ҳарфи хурд, ҳарфи калон.
Ҳарфи калон. Ҳарфе, ки аз ҷиҳати шакл, ҳаҷм нисбат ба ҳарфҳои муқаррарӣ фарқ мекунад. Калимаҳои аввали ҷумла, ҳама гуна исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешаванд.
Ҳарфи мураккаб. Ҳарфе, ки аз як аломат иборат буда, ду овозро ифода мекунад: я (й+а), ё (й+о), ю (й+у).
Ҳарфи сода. Ҳарфе,ки танҳо аз як аломат иборат буда, як овозро ифода мекунад: а, б, в, ғ, д, ж, з.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор