Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

предметҳо (ин, ҳамин, он, ҳамон), ба аломати онҳо (ин гуна, он гуна, ҳамин гуна, ин (ҳамин), он (ҳамон) хел), миқдори предметҳо (ин қадар, ҳамин қадар, он (ҳамон) қадар) ишорат мекунанд: Ана, ҳаминҳо буданд гули сари сабади маҷлис (С.А.); Дар байни ин гуна махдумон… донишмандон кам ёфт мешуданд (Р.Ҷ.); Аз ҳамин қадар давлату ҳашамат магар ҳаққи ман ҳаминак мешавад? (С.А.). Ҷонишинҳои таъинӣ: ҳама, ҳар (ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳар кадом, ҳар як). Ҷонишини ҳама тамоми предмет ё ҳамаи ҳодисаро дар бар мегирад: Ҳамаашон омаданд. Ҳама дар андеша ва ҳама дар фикру мулоҳиза (С.А.). Ин ҷонишин дар осори хаттии пешинагон дар шакли ҳамагон низ дида мешавад: Ҳама чиз ҳамагон донанд ва ҳамагон ҳанўз аз модар назодаанд (Унсурулмаолӣ). Ҷонишини ҳар бо исмҳои гуна, хел, навъ омада, гуногунии сифату аломати предметҳоро далолат мекунанд: …
оби ин ҳар гуна иллатро барҳам медиҳад (С.А.). Ҷонишинҳои номуайян.
Ҷонишинҳое, ба шахсу аломатҳои номуайян ва миқдори номуайяни предметҳо далолат мекунад: фалон, фалонӣ, биҳмадон, бисмадонӣ, баъзе, ягон, кадом як, чанде, чандин, ким-чӣ, ким-кӣ. Ҷонишинҳои ким-кӣ, фалонӣ шахси номуайянро далолат мекунанд. Ҷонишинҳои баъзе, ягон, кадом як, фалон, ким-кадом ҳам шахс ва ҳам предметҳои номуайянро далолат мекунанд: Фалонӣ аз фалон гузар (ё аз фалон деҳа) амри хайр доштааст… (С.А.)…. Аз ким-кадом анбор биринҷ ё мош гирифта меоварданд… (С.У.). Ҷонишинҳои ким-чӣ гуна, ким-чӣ хел, ким-чӣ тавр ба аломати номуайяни предмет далолат мекунанд: Нуралӣ ва Каримов баъд аз он ким-чӣ гуна мубоҳисае сар карданд (С.У.). Ҷонишинҳои чанд, чанде, якчанд, чандин ба миқдори номуайяни предмет далолат мекунанд:
Чанде аз деҳқонбачагон ҳам шабҳо дар пеши мо хобиданд (С.А.).
Ҷонишинҳои муштарак. Ҷонишинҳое, ки далолат мекунанд, ки амал ба ду тараф равона шудааст (ҳамдигар, якдигар, ҳам): Мо миёни ҳамдигарамонро маҳкам гирифта … баъзе касон бо ҳам пичиррос мезаданд… (С.У.).
Ҷонишиншавии ҳиссаҳои дигари нутқ. Дар забони тоҷикӣ бисёр калимаҳо, бештар сифатҳо (банда, фақир, раҳматӣ, марҳум, мазкур), баъзе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор