Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

исмҳо (домулло, камина, ҳазрат, ҷаноб, рафиқ) ҳамчун ҷонишин ба ҷои исмҳо, сифатҳо кор фармуда мешаванд (рафиқи дерина, китоби мазкур); Раҳматӣ дар бозгашти сафари Ҳаҷ ба Кашмир ном шаҳр расида… (С.А.); Банда ба хотири ҷанобашон расонам, ки … (Ф.М.).
Ҷузъи номии хабари таркибӣ (аъзои предикативии ҷумла). Ҷузъе, ки маънои асосии хабари таркибиро ифода мекунад. дар ин вазифа ҳамаи ҳиссаҳои номии нутқ ва шаклҳои ғайритасрифии феъл, инчунин ибораҳои фразеологӣ омада метавонанд. Ниг.: хабари номӣ.
Ҷумла. Воҳиди муҳимтарини забон аст, ки фикрро ифода мекунад ва аз калимаю ибора ташкил меёбад. Калимаҳои мустақилмаъно дар сохтори ҷумла ва ифодаи фикр нақши бузург доранд, ки бо ҳамдигар алоқаманд шуда, ибора месозанд. Калимаҳо бо якдигар алоқаи маъноӣ ва грамматикӣ пайдо намуда, ибора ва ҷумла месозанд. Тафовути ҷумларо аз ибора академик В.В.Виноградов дар он мебинад, ки ибора воҳиди номинативии (номбаркунандаи) забон аст, аммо ҷумла,ки ба ифодаи фикр қодир аст, воҳиди иртиботӣ (коммуникативӣ) ба шумор меравад.
Ҳиссаҳои ёвари нутқ аъзои ҷумла намешаванд, аммо дар ташаккули ҷумла саҳми калон мегузоранд. Пешоянду пасояндҳо ва пайвандакҳо дар забон дар қиёси калимаҳои дигар чандон зиёд набошанд ҳам, дар алоқаи грамматикии калимаю ибораҳои таркиби ҷумлаҳои сода вазифаҳои басо муҳимро адо мекунанд. Калимаҳои модалӣ, ҳиссача ва нидоҳо бештар дар ифодаи тобишҳои маъноӣ ва муносибатҳои субъективона, ҳисиёту эҳсосоти гўянда истифода мешаванд. Ҷумла ҳамчун воҳиди асосии наҳвӣ дорои маъно ва шакли грамматикӣ аст. Маънои грамматикии ҷумла ифода муносибати предикативиест, ки ба воқеъ шудани амалу ҳолати ҷумла далолат менамояд. Вобастагии мундариҷаи ҷумларо ба воқеият, ки бо шаклҳои грамматикӣ ифода ёфтааст, муносибати предикативӣ меноманд, ки он ба василаи се категорияи грамматикӣ: модалият, замон ва шахс зуҳур мекунад. Категорияи модалият реалӣ ва ғайриреалӣ будани воқеияти мундариҷаи ҷумларо бо тобишҳои гуногуни имконпазирӣ ё имконнопазирӣ, эътимод ё нобоварӣ, зарурат ва ғайра ифода мекунад. Ин

пешина
аз 389
навбатӣ