Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

категория бо воситаҳои грамматикии сиға ва шаклҳои замонии феъл, калимаҳои модалӣ, воҳидҳои туфайлии шояд, шояд ки, эҳтимол, эҳтимол аст ки, аз эҳтимол дур нест, ки, бояд ки, лозим аст ки, зарур аст ки, мумкин аст ки, бешак ва оҳанг ифода меёбад. Ҷумлаҳо маъно ва аломатҳои умумию фардӣ доранд. Ҷумла дорои ду унсур аст: унсурҳои доимӣ ва тағйирёбанда. Шаклҳои калима, бандакҳои изофӣ, феълӣ ва хабарӣ, пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, калимаҳои модалӣ унсурҳои доимии ҷумлаанд. Калима, таркиб ва ибораҳое,ки ба вазифаи аъзоҳои ҷумла омада, мафҳумҳои ҷудогона ё мураккабро ифода намуда, мундариҷаи асосии фикрро дар бар мегиранд, унсурҳои тағйирёбанда ба шумор мераванд. Унсурҳои доимӣ, инчунин оҳанг ва таркиби калима шакли ҷумларо, муносибати предикативӣ мазмуни асосии онро ташкил медиҳад.
Сохтори ҷумла маҳз дар заминаи ҳамин унсурҳои доимӣ пойдор мегардад.
Ҷумлаи амрӣ. Ҷумлае, ки майл, хоҳиш, ният, арзу водоркунӣ, фармон, илтимос ва амсоли инҳоро ифода намуда, бештар ба шунаванда
– шахси дуюми танҳо ва ҷамъ нигаронида мешавад. Дар ҷумлаҳои амрӣ тобишҳои зерини маъноӣ ифода меёбанд: а) амру фармон: – Нагурезед, сабр кунед, – гуфт. – Хабар доред, ки тирпарронанда занак будааст?
(Ҳ.К.); б) супориш: – Ту зуд ба қишлоқат рав, аз ҷамоат дар хусуси камбағалиат як справка биёр (Ҳ.К.); в) фармоиш: – Духтаракам, сандуқро кушода, бўхчаи шолдорро гир, – гуфт (Ҳ.К.); г) хоҳиш, илтимос: – Аҳмад, ту падарам, ту модарам ҳастӣ. Ба ҳаққи парвардигор, ягон хўроки дуруст карда те (Ҳ.К.); ғ) зорӣ, тавалло, илтиҷо: – Ўй амак! Маро халос кунед, охир (С.А.). Дар ҷумлаҳои амрӣ воситаи асосии ифодаи ин маъноҳо сиғаи амрӣ ба шумор меравад. Хабари ҷумлаҳои амрӣ бештар бо ҳамин шакли феъл ифода меёбад. Баъзан шаклҳои гуногуни замонии сиғаҳои дигар низ ин вазифаро иҷро мекунанд: – Навбати рафиқ Маллаев, тайёр бошад рафиқ Паллаев (Ф.М.). Водор кардани мусоҳиб ба амале бо ёрии ҷумлаи саволии риторикӣ низ ифода меёбад: – Чӣ, охир, ҳамаатон якбора маро наҳ зада мондед? А? О, ба машинаи ман кори шумо чӣ? (Ҷ.А.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор